Дар ин форум ҳамкориҳои густурда дар бахшҳои мухталиф, ба вижа дар заминаи иқтисод, тиҷорат, фарҳанг, тиб, ҷалби нерӯи корӣ, мошинсозӣ ва дар бахшҳои дигар, матраҳ ва баррасӣ шудааст. Ғаффурҷон Расулов сухангуи ин вазорати мегуяд, ҳамкории Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ дар ҳоли хозир густариш меёбад. Вай афзуд, Тоҷикистон метавонад бо Корея дар соҳоти коркарди пахта, истеҳсоли биринҷ, таъмини таҷҳизоти фаннӣ ва муҳоҷирати корӣ ҳамкорӣ намояд.
Феълан аз Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ маҳсулоти пахтагӣ ворид ва аз ин кишвар ба Тоҷикистон автомобилҳои мухталиф, таҷҳизоти фаннӣ ва сигор ворид мешавад. Тибқи иттилоъи вазорати иқтисоди Тоҷикистон, мубодилаи коло байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар соли равон 14 миллиён долларро ташкил додааст, ки ин дар қиёс ба соли гузашта камтар будааст. Соли 2006 гардиши мол байни ин кишварҳо ба 15,6 миллион доллар баробар будааст. Кореяи Ҷанубӣ дар ҳаҷми 54 милиён доллар ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаст.
Дар форуми мазкур масъалаи ҳамкориҳо дар бахши фарҳанг ва ҳунар баррасӣ мешаванд, аз қабили баргузор кардани рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ ва баръакс. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон 1700 кореятабор ба сар мебаранд ва дар соҳоти мухталифи Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Виктор Ким, раиси ҷамъияти кореягиҳои Тоҷикистон, хостори ҳарчи бештари муносиботи ин ду кишвар дар бахши фарҳанг аст. Вай гуфт, муносиботи ин ду кишвар ҳанӯз дар сатҳи лозима қарор надорад ва ӯ умедвор аст, ки ин ҳамоиш ба рушди муносиботи ҷонибҳо мусоидат мекунад.
Форуми ҳамкорихои Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки Осиёи Марказӣ дар маркази таваҷҷӯҳи кишварҳои соҳибқудрати ҷаҳон - Русия, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо қарор дорад ва ҳар кадоми онҳо дар ин минтақа ҳадафҳои махсуси геополитикиро пайгирӣ мекунанд.
Э монда шудам аз ин спектаклистон,мардуми точик дар назди телевизор мисли кудак нишаста мультфильм тамошо доранд,хамин аст хуллоса
Намозат аз сидк бошад,дар кучо хонданат фарк надорад,дар Курьон навишта шудааст!Ё ин,ки дар хона чойнамоз надоред?
Конуни нагз албатта лекин мухлати хизмат кам мешуд ,бехтарин буд.
Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд! БА НОМ ОЗОДИ ИН ТАХКИР ДАР ХАККИ АЛЛОХ МУМКИН АСТ КИ ЧОПАШ КАРДЕД? ? ? ? Ба гуфтаи худатон амал намекунед.
Хамаш хубу хамин маблаги чамшуда барои чи сарф мешад,нагуфтанд!Акнун военкоматхо ба коргар мухточ мешаванд!