Дабири кулли Ҷомеъаи ҳамкориҳои АвруОсиё гуфт, раҳбарони кишварҳо ба тавофуқ расиданд, ки мо худамон ин Консепсияро омода насозем ва ин тарҳ аз сӯи коршиносони бетарафи байнулмилалӣ таҳия шавад. Вай афзуд, ба ин манзур мо аз муассисаҳои байналмилалӣ, назири СММ ва Иттиҳоди Аврупо, мехоҳем то дар ҷалби коршиносони сатҳи байналмилалӣ барои таҳияи ин санад мусоидат кунанд. Оқои Мансуров иброз дошт, чунин дархосте таҳия шудааст ва ироа мешавад ва, фикр мекунам, соли 2008 соли ҳалли масъалаи истифода аз захираҳои обӣ хоҳад буд.
Консепсияи истифодаи оқилона аз захоири оби минтақа қарор буд дар нишасти сарони Ҷомеъаи ҳамкориҳои иқтисодии АвруОсиё дар аввали моҳи октябр дар шаҳри Душанбе ба имзо бирасад. Аммо ба далели мухолифати ҷониби Узбакистон бар ин санад имзо нашуд. Кишвари Узбакистон иддао дорад, ки дар тарҳи пешниҳодӣ манфиати кишварҳои поёноб, назири Узбакистон ва Қазоқистон, ва пайомадҳои зистмуҳитӣ низ сарфи назар шудааст. Ба ин манзур ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки барои таҳияи ин Консепсия коршиносони байнулмилалӣ ҷалб шавад.
Аммо бархе аз соҳибназарон бо таваҷҷуҳ ба ҳассосияти баҳси об ва таъкиди кишварҳои ҳам болооб ва ҳам поёноб ба манофеи худ дар ин масъала бар ин назаранд, ки гумон намеравад ҳатто коршиносони байнулмилалӣ низ битавонанд зарфи чанд моҳи дигар роҳи ҳалле барои баҳси чандинсола пайдо кунанд.
Баҳси оби минтақа солҳост идома дорад ва ду кишвари минтақа - Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ҳудуди 80 дарсади захоири оби минтақаи Осиёи Марказиро дар ихтиёр доранд, акнун дар садади роҳандозии барномаҳои бузурги энержӣ ва сохтани обанбор бар ҳавзаи рудхонаҳо мебошанд. Аммо ин тасмимҳо бо мухолифати Узбакистон ва Қазоқистон - ду кишвари поёноб мувоҷеҳ аст. Ин ду кишвар мегуянд, рудхонаҳо фаромарзӣ ҳастанд ва сохтани обанборҳо бояд бо кишварҳои ҳамсоя мувофиқа шавад.
Раиси бозор бояд фавран иваз шавад боварии комил дорам, ки аз ин ҳолати нангин Ҷаноби олӣ бохабар шуда чораи онро ҳатман мебинанд.
Чихеле кунанд накунанд бар зарари мардуми камбагал.беинхам бачахои вазифадоро намераванд ин як рохи даромади вазифадоро...
Ҳай-ҳай офитсери КГБ - Путин аз хони муғул ҳам гузарондӣ-да.... Барои ҳамин Элбосиву Гурбангуливу дигар диктаторҳои дигар аз ту ёд гирифтаанд. Мо ҳам дар Тоҷикистон аз дусто шумоҳо калбосиҳо дар азобем! Ту ҳамаро ба занҳову хешонат тақсим кардаӣ, дигар диктаторчаҳо ҳам ба писару язнаву хешу табору ҷӯраҳо.... Таърих ба шумо магар дарс нашудааст??? Аз Саддому Гитлеру аз Каззофӣ сабақ нагирифтед????
Ин расмхо мисли захролудшавии булачаби Навалний расмхои булачаби бенизом мебошанд.
бозорхои Точикистона бо фурухтани ним метрию як метри чунон танг кардаанд, бозори Фаровони ш.Бохтар гирди бозор дар чои пиёдагард лимон фурушу хот дог фуруш мардум бо рохи мошин рох мераванд. назорат нест, санчиш нест