Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии Тоҷикистон - Сингапур шурӯъ шуд


Бозии ҷавобии миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сингапур дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе шурӯъ шуд.

Беш аз 20.000 мухлис ба майдон омадааст. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ барои мухлисӣ ба варзишгоҳ омадааст. Масъулон даромад ба варзишгоҳро ройгон эълом карда ва аз субҳ шабакаҳои телевизионии давлатӣ мардумро барои дастгирии тими Тоҷикистон ба майдон мехонданд.

Бозии нахуст дар Сингапур бо ҳисоби 0 – 2 на ба нафъи Тоҷикистон анҷом ёфта буд. Пирӯзи ин бозӣ ба даври савум роҳхат мегирад.

XS
SM
MD
LG