Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси муҳоҷирони тоҷик дар Маскав


Нирӯҳои интизомии Русия муштаракан бо кормандони Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар дар як амалиёти вижа 80 мардикори тоҷик ва қирғизро дар Маскав боздошт карданд. Мақомоти Русия мегӯянд, ин муҳоҷирон дар хонаҳои матрук, дар шароити ғайрибеҳдоштӣ, 10-15 нафарӣ ба сар бурда, иҷозаи иқомат ва кор дар Маскавро надоштаанд. Онҳо дар кори сохтмон ширкат доштаанд, аммо ҳеч корфармои маскавӣ истихдоми ин муҳоҷиронро эътироф накардааст. Дар ҳоли ҳозир шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар маҳбаси шӯъбаи умури дохилии Таганский нигаҳдорӣ мешаванд ва сарнавишти онҳоро додгоҳ ҳал хоҳад кард.

Моҳи гузашта полиси Русия 150 муҳоҷири ғайриқонуниро дар анборҳои ҳавзаи Шарқии Маскав боздошт карда буд, аксарият шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон буданд.
XS
SM
MD
LG