Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз шудани дарвозаҳои Туркманистон


Туркманистон нахустин бор пас аз даргузашти президенти пешини он Сафармурод Ниёзов эълон кардааст, ки дарвозаҳои кишварро барои сармоягузорони хориҷӣ боз мекунад. Раисиҷумҳури нав Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки аввали ин ҳафта дар Бруссел бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо гуфтушунид дошт, акнун дар Ишқобод меҳмонони баландпояро пешвоз мегирад ва мегӯяд, ҳадаф аз ҳамоиш рушди саноати газ, дарёфти масирҳои нави интиқоли инержӣ ва додуситади мустақим бо муштариён дар Аврупо ва Амрикост.

Ҳамчун соҳиби мол, Туркманистон мехоҳад, бо харидорон бидуни миёнарав додугирифт кунад ва сармоягузори берунаро дар навсозии саноати гази худ ба кор барад. Дар ҳоли ҳозир гази Туркманистон ба нархи 100 доллар барои 1000 метри мукаааб ба Русия фурӯхта мешавад ва Русия онро бо қимати 220 то 250 доллар ба Аврупо мефурӯшад. Дар сафари ахираш ба минтақа президенти Русия Владимир Путин Ишқободро розӣ кунонд, ки на танҳо дар оянда низ ин таҷрибаро идома диҳад ва танҳо аз лулаҳои Русия истифода намояд. Бо ширкати президенти Узбакистон Ислом Каримов дар он нишаст ҳатто аз таъсиси эҳтимолии як иттиҳоди инержӣ низ сӯҳбат шуда буд, ки баҳсаш дар Созмони Шонгҳай низ идома кард.

Акнун ба назар мерасад, ки мумкин аст, ин нақшаҳо ба ҳам хӯранд. Пас аз гуфтушунид бо президенти Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, пеш аз оғози конфаронси дурӯза, кумиссионери инержии Иттиҳоди Аврупо, Эндрис Пибалгс, гуфт, Туркманистон мехоҳад, гази худро ба Аврупо ба таври мустақим бифурӯшад. Соате баъд аз ин изҳорот, вазири инержии Иёлоти Муттаҳида, Семюел Бодман, аз минбари конфаронс гуфт, раҳбарони Туркманистон ҳама гуна имкониятҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо умедворанд, ки ба захираҳои гази Туркманистон, ки бузургтарин дар ҷаҳон ба шумор меравангд, дастрасии бештар пайдо кунанд. Ҳарчанд захираҳои гази Туркманистон мустақилона бозрасӣ нашудаанд, манобеъи мухталиф онҳоро 2 триллиону сад миллиард метри мукааб мешуморанд ва ин адад таваҷҷӯҳи Чину Русияву Эронро низ ҷалб кардаанд, ки мехоҳанд, саҳми худро дар он дошта бошанд.

Ҳарчанд посухи Туркманистон ба кумиссионери инержии Иттиҳоди Аврупо мусбат аст, ҳанӯз лулае нест, ки битавонад, гази туркманро мустақиман ба Аврупо интиқол диҳад. Вале Аврупо ва Амрико гуфтаанд, омодаанд, ба ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд. Онҳо меафзоянд, ин тарҳ ва нархе ки ҷаҳон пешниҳод мекунад, метавонанд ба пешрафти саноати газ ва беҳбуди зиндагии мардуми Туркманистон кумаки ҷиддӣ кунанд. Қарордоди муайяне дар ин бора имзо нашудааст, аммо Бердимуҳаммадов дар сафари ахираш ба Ню Йорк гуфтааст, бо Русия низ қарордоди нав ҳанӯз вуҷуд надорад, зеро гуфтушунид бо Маскав мушкил шудааст. Алҳол Туркманистон танҳо бо Чин созишномаи лулаи бузурги навро ба имзо расондааст.

XS
SM
MD
LG