Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

EBRD: бурду бохти иқтисоди Тоҷикистон


Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа (EBRD) гузориши солонаи худ доир ба вазъи иқтисодии кишварҳои дар ҳоли гузаришро интишор кард, ки дар он заъфҳои сершумор ва баъзе дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон зикр шудааст.

Дар гузориши Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа аз ҷумла такмили хусусигардонии корхонаҳои хурди давлатӣ ва идомаи ислоҳоти ҳуқуқ ба замин ва муассисаҳои кишоварзии Тоҷикистон аз пешрафтҳо дар ислоҳоти сохторӣ унвон шудааст.

Аммо, тибқи ин гузориш, шароити соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ҳамчунон бад ва номусоид боқӣ мемонад ва баёнгари ин пажӯҳиши Бонки Ҷаҳонӣ доир ба шароити соҳибкорӣ аст, ки Тоҷикистонро аз ин назар дар миёни 178 кишвари ҷаҳон дар зинаи 153 қарор додааст. Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Тавсиа менависад, коррупсия ва ё фасодкорӣ ҳамчунон монеъи соҳибкорӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон аст.

Усулҳои идории заъиф, монеаҳои вуруд ба бозор ва хароҷоти зиёд ҳангоми гирифтани иҷоза барои тиҷорат намегузоранд, то соҳибкорӣ дар Тоҷикистон рушд кунад. Бахши хусусӣ рушд наёфтаву нақши зиёд дар иқтисодро надорад.

Дар робита ба вазъи инфраструктура ва ё зербунёдҳо дар Тоҷикистон, дар гузориш аз сармоягузориҳои зиёд барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва шабакаҳои интиқоли нерӯи барқ ёд шудааст. Аз ҷумла сармоягузориҳои Русия барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ва ҳамчунин таъаҳудоти Чин барои ихтисоси як миллиард доллар дар соҳаи энержӣ зикр шудааст.

Бо назардошти ҳамин сармоягузориҳои бузург, навиштааст бонки мазкур, ислоҳот дар соҳаи энержии Тоҷикистон ниҳоят муҳим аст. Тавсия ба давлат ин аст, ки бояд дар фаъолияти вазорати энержии Тоҷикистон таҷдиди назар шавад ва масъулияту тавлиду интиқол ва тақсими нерӯи барқро ниҳодҳои алоҳида бар дӯш дошта бошанд.

Дар робита ба фаъолияти бонкҳо ва низоми молӣ дар Тоҷикистон Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа навиштааст, теъдоди муассисаҳои молии сармоягузор бештар шуд ва мардум низ амонатгузорӣ дар бонкҳоро зиёд карданд. Вале дар маҷмӯъ сармоягузорӣ дар бонкҳои Тоҷикистон бисёр заъиф боқӣ мемонад ва бонкҳои кишвар бисёр осебпазир ҳастанд.

Аз назари нишондодҳои макроиқтисодӣ ин ниҳоди молӣ Тоҷикистонро баҳои мусбӣ додааст. Гуфта мешавад, дар соли 2006 тавсеъаи тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон 7,6 дарсадро ташкил дода ва танҳо дар нимаи аввали соли равон ба 7,3 дарсад афзоиш ёфтааст. Аммо ин рушд ба шарофати пулҳои интиқолии муҳоҷирон, фурӯши алюминий ва сармоягузории зиёд ба соҳаи энержӣ ва зербунёдҳо будааст. Вале тавлидоти маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба рукуд дучор шуда ва мизони беқурбшавии пули миллӣ низ афзудааст.

Дар робита ба қарзи беруна Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Тавсеъа мегӯяд, ки ҳарчанд тайи солҳои 2003 то 2006 ҳукумати Тоҷикистон қарзи берунаашро камтар кард, вале то соли 2009 ҷалби қарзҳои зиёд рушди муназзами иқтисодиро ба мушкилот дучор хоҳад кард. Гуфта мешавад, зоҳиран рушди иқтисодии Тоҷикистон тайи солҳои оянда аз 7 то ба 9 дар сад хоҳад расид.

Ниҳоди молии мазкур тавсия додааст, то Тоҷикистон аз якказироатӣ парҳез намуда, маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ тавлид кунад. Ислоҳоти ҳаққи истифодаи заминро идома диҳад, то рушди муназзам ба вуҷуд биёяд ва даромади мардуми деҳот афзоиш ёбад ва заминаҳо барои афзоиши тавварум камтар шавад.

XS
SM
MD
LG