Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилаи шадид Чилиро такон дод


Шимоли давлати Чилиро як зилзилаи шадид такон дод. Созмони таҳқиқоти заминшиносии Амрико мегӯяд зилзилае ба шиддати 7,7 дараҷа дар 170 километрии шимоли шаҳри бандарии Антофагаста рух дод. Тапиши замин ба таври шадид дар пойтахти Чили - шаҳри Санятго, 1260-километрии ҷануби кишвар эҳсос шудааст. То ҳол роҷеъ ба ҳалокати 2 ва ҷароҳати 50 нафар хабар дода мешавад. Мақомоти изтирорӣ пешгӯйӣ мекунанд, ки шумори қурбониҳо метавонад бештар бошад.
XS
SM
MD
LG