Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов се раиси вилоятро аз кор озод кард


Раиси ҷумҳурии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ахиран се раиси вилояти ин кишварро аз кор озод кард. Дар як нишасти ҳукуматӣ рӯзи душанбе вай раисони вилоятҳои Ахал ва Мариро барои кӯтаҳиҳои ҷиддӣ дар корашон ба истеъфо фиристода раиси вилояти Лебапро бо сабаби бемориаш аз вазифа озод кард. Ҳамаи ин се нафар дар шумули охирин таъйиноти раиси ҷумҳурии пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов буданд, ки моҳи декабри соли гузашта даргузашт. Бердимуҳаммадов инчунин муовини раиси ҳукумат ва вазири тиҷорат ва равобити иқтисодии хориҷиро ҳам аз вазифа сабукдӯш кард.
XS
SM
MD
LG