Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухурди чиноиҳо бо ҷавонони маҳаллӣ


Зӯҳри якшанбеи 11-уми ноябр, дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Кӯлоб миёни ҷавонони маҳаллӣ ва чиноиҳои коргар задухӯрд ба амал омадааст.

Хабаргузории «Хатлон-Пресс» бо нақли қавл аз шоҳидони ҳодиса навиштааст, гӯё кӯдаке ба тарафи мошини чиноиҳо санг мепартояд, баъдан, онҳо фаромада он кӯдакро мезананд ва ҳамин хел задухурд ба вуқӯъ мепайвандад.

Навбатдори шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятӣ дар Кӯлоб гуфтааст, як ҷавони маҳалли ҳабдаҳсола ва як чиноӣ дар беморхона бистарй мебошанд.

Аммо, Сиёвуш Исҳоқов, ҷавони бистарӣ гуфтааст, тақрибан даҳ нафари дигар аз ҷавонони тоҷик ҷароҳатдор гаштаанд, вале аз тарси пулис ба беморхона муроҷиат накардаанд.

Хабаргузории «Хатлон-Пресс» навиштааст, чанд моҳ қабл, гурӯҳи чиноиҳои мардикор дар рустои Мумираки ноҳияи Муъминобод бо ҷавонони маҳалӣ дар задухӯрд будаанд.

Як гурӯҳи шаҳрвандони Чин дар Кӯлоб ба иҷрои корҳои барқӣ машғуланд.

XS
SM
MD
LG