Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сунниҳои Ироқ бар зидди Ал-Қоида бархостаанд


Расонаҳои хабарӣ иттилоъ медиҳад, ки дар як бархӯрди мусаллаҳона миёни силоҳбадастони Ал-Қоида бо гурӯҳи рақиби ошӯбгар дар ду деҳаи канори шаҳри Сомаррои Ироқ камаш 17 кас кушта шуданд. Дар гузашта сокинони ин деҳот аз Ал-Қоида пуштибонӣ мекарданд, вале ахиран онҳо ба артиши исломӣ: иттиҳоди нерӯҳои мусулмонони суннимазҳаб ҳамроҳ шуда, тасмим гирифтанд, ки Ал-Қоидаро аз минтақа берун кашанд. Фармондеҳони артиши исломӣ мегӯянд, ки дар бархӯрд 17 узви Ал-Қоида ба қатл расиданду аз онҳо касе маҷрӯҳ нашудааст. Низомиёни ИМА то ҳанӯз ин хабарро тасдиқ ва ё рад накардаанд.
XS
SM
MD
LG