Ҳафтаи пур ҷӯшу хурӯши Гурҷистон аз назари ҳамсояҳояш дур намонд. Дар Русия, Қирғизистон, Арманистон ва дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ наворҳои таъқиби гирдиҳамоии назди пoрлумони Гурҷистон ва қабули талаби мухолифин аз ҷониби президенти ин кишвар суолеро ба миён овардааст, ки раҳбарони ин кишварҳо аз рӯйдодҳои зидду нақизи Гурҷистон чӣ хулоса мебароранд. Ҳаштуми ноябр президенти Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ эълон кард, ки панҷуми январ дар Гурҷистон интихоботи президентӣ доир хоҳад шуд. Мухолифини ҳукумати Гурҷистон ин иқдомро ҳамчун пирӯзӣ арзёбӣ мекунанд, вале дар кишварҳои ҳамсоя мухолифини ҳукуматҳо бештар дар бораи вокунишҳои раҳбаронашон ба ташвиш омадаанд. Бисёриҳо Саакашвилиро ҳамчун намунаи раҳбари демократии минтақа ёдрас мекарданд. Акнун сокинони ҷумҳуриҳои ҳамсоя нигаронӣ доранд, ки раҳбарони онҳо Саакашвилиро мисол оварда, даст ба таъқиби мухолифин зада, дар ҳоли зарурат вазъи фавқулода эълон менамоянд.
Дар Арманистон мақомот худро ба гирдиҳамоии зиддиҳукуматии 16-уми ноябр омода мекунанд. Моҳи гузашта як гирдиҳамоии сӣ ҳазор нафараи мухолифини ҳукумати Арманистон ба таври осоиштаву ором барпо гашт. Акнун мухолифини арманӣ хавф доранд, ки мақомот ба монанди Гурҷистон раҳпаймоиҳоро пароканда карда, вазъи фавқулода эълон менамоянд. 16-уми феврал дар Арманистон интихоботи президентӣ баргузор мегардад. Ором Карапетян, раҳбари яке аз ҳизбҳои мухолифи ҳукумати Арманистон, гуфт, амали Саакашвилӣ нобахшиданист. Вай афзуд, агар дар Арманистон ҳам интихобот озоду одилона набошад, мардум ба кӯчаҳо мебароянд ва мақомот бошад, мисли Гурҷистон аксуламал нишон дода, дар кишвар вазъи фавқулода ҷорӣ мекунанд. Моҳи апрели соли 2004 мақомоти Арманистон гирдиҳамоии мухолифин дар назди парламенти ин кишварро бо истифода аз об ва гази ашковар пароканда карда буданд. Чандин пешвои мухолифин боздошт, идораҳои ҳизбҳои мухолифин ва расонаҳои озод талаву тороҷ гардиданд.
Аммо Омурбек Абдураҳмонов, фаъоли ҳизби Отамакони мухолифи ҳукумати Қирғизистон, бар ин назар аст, ки зӯроварии полис рӯҳияи мухолифинро намешиканад. Ӯ гуфт, баръакс ин гуна муомилаи дурушт эътибори мухолифин дар назди мардумро афзоиш медиҳад. Моҳи апрели соли равон мақомоти Қирғизистон гирдиҳамоии мухолифин дар шаҳри Бишкекро бо обу гази ашковар пароканда карда буданд. Зимнан ҳукумати феълии Қирғизистон ҳам ба мисли Гурҷистон дар ҷараёни инқилобҳои ҷонибдорони демократия моҳи марти соли 2005 сари қудрат омадааст.
Дар Русия бошад телевизион таъқиби гирдиҳамоиҳои Гурҷистонро дар паи тазоҳуроти низомӣ дар Майдони Сурхи Маскав намоиш дода, ғайримустақим ба бинандагон паём мефиристоданд, ки инқилобҳои рӯ ба Ғарб фақат бесару сомонӣ меоранд.
Раиси бозор бояд фавран иваз шавад боварии комил дорам, ки аз ин ҳолати нангин Ҷаноби олӣ бохабар шуда чораи онро ҳатман мебинанд.
Чихеле кунанд накунанд бар зарари мардуми камбагал.беинхам бачахои вазифадоро намераванд ин як рохи даромади вазифадоро...
Ҳай-ҳай офитсери КГБ - Путин аз хони муғул ҳам гузарондӣ-да.... Барои ҳамин Элбосиву Гурбангуливу дигар диктаторҳои дигар аз ту ёд гирифтаанд. Мо ҳам дар Тоҷикистон аз дусто шумоҳо калбосиҳо дар азобем! Ту ҳамаро ба занҳову хешонат тақсим кардаӣ, дигар диктаторчаҳо ҳам ба писару язнаву хешу табору ҷӯраҳо.... Таърих ба шумо магар дарс нашудааст??? Аз Саддому Гитлеру аз Каззофӣ сабақ нагирифтед????
Ин расмхо мисли захролудшавии булачаби Навалний расмхои булачаби бенизом мебошанд.
бозорхои Точикистона бо фурухтани ним метрию як метри чунон танг кардаанд, бозори Фаровони ш.Бохтар гирди бозор дар чои пиёдагард лимон фурушу хот дог фуруш мардум бо рохи мошин рох мераванд. назорат нест, санчиш нест