Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори сарбозон дар Афғонистон


Сухангӯи нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) мегӯяд, ки бар асари як ҳамла дар шарқи Афғонистон шаш сарбози амрикоӣ ва се низомии афғон кушта шуданд. Ҳамла рӯзи ҷумъа дар вилояти Нуристон аснои гашти сарбозон ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ин ҳодиса ҳашт сарбози дигари амрикоӣ ва ёздаҳ низомии афғон ҷароҳат бардоштаанд.

Имрӯз ( 10 ноябр) дар вилояти Қундуз як бомбгузори маргталаб мошини саршор аз маводи таркандаро дар рӯ ба рӯи корвони низомиёни олмонӣ мунфаҷир намуд. Дар ин ҳодиса бомбгузор ва як фарди осоишта ба қатл расиданд. Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG