Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли лағви вазъи фавқулодда дар Гурҷистон


Сардори дастгоҳи раёсатҷумҳурии Гурҷистон мегӯяд, мумкин аст, вазъияти фавқулоддаи эълонкардаи президент Саакашвилӣ пештар аз мӯҳлати таъиншудаи 22-юми ноябр бекор карда шавад. Порлумони Гурҷистон фармони раиси ҷумҳурро, ки рӯзи 7-уми ноябр эълон шуда буд, тасдиқ кард, вале Екатерине Шарашидзе гуфт, мумкин аст, ин дастур ба зудӣ лағв шавад, зеро вазъият ба эътидол меояд. Саакашвилӣ ба дунболи задухӯрдҳои полис ва мухолифони тазоҳуркунанда дар шаҳри Тифлис вазъияти фавқулодда эълон кард. Дар ҳамин ҳол Иёлоти Муттаҳида раҳбарони Гурҷистонро ба лағви бетаъхири ин дастур даъват кардааст.

XS
SM
MD
LG