Имруз Додситонии Кулли Гурҷистон Бадрӣ Патаркатсишвилӣ-тоҷири гурҷиро муттаҳам кард, ки вай дар талоше барои анҷоми кудетои давлатӣ даст дорад. Николоз Гварамиа-муовини Додситони кулли Гурҷистон дар як изҳороти телвизюнӣ дар ин бора чунин гуфт:
"Ман мехоҳам ба мардум бигуям, ки 7-уми ноябри соли ҷорӣ Аркадий Патаркатсишвилӣ, ки бо номи Бадрӣ Патаркатсишвилӣ машҳур аст, тибқи моддаи рақами 315-и қонуни ҷиноӣ дар талоше барои барканор кардани мақоми давлатии Гурҷистон муттаҳам дониста мешавад. Дар робита бо ин тибқи қонун ҳамаи тадобир андешида мешавад, то Аркадий Патаркатсишвилӣ барои пурсиш ба ниҳодҳои тафтишотӣ ҳозир шавад".
Патаркатсишвилӣ сарватмадтарин одам дар Гурҷистон аст. Вай дар ҷараёни тазоҳуроти зидди давлатӣ дар Тифлис ба тазоҳуркунандагон изҳор дошт, ки ҳамаи дороии худро сарф хоҳад кард, то Гурҷистонро аз ин режими ба қавли худаш "фошистӣ" озод созад.