Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуглфон? Дар Тоҷикистон?


Салом, хонандаи арҷманд. Дар ин маҷаллаи “Илм ва фанноварӣ” ин мавзӯъҳоро пайгирӣ мекунем:

Раванди пазируфтани фанновариҳои нави иттилоъотӣ дар Тоҷикистон

Рӯзҳои 23 то 24-уми дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Тоҷикистони рақамӣ” баргузор мешавад, ки дар он роҳҳои муассири истифодаи васеъи фанновариҳои иттилоъотӣ дар соҳоти мухталифи Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд. Талъат Нӯъмонов – раҳбари Маркази мустақили фанновариҳои иттилоъотиву мухобиротӣ ва Асомуддин Атоев – раҳбари Бунёди шаҳрвандии рушди Интернет дар Тоҷикистон меҳмони барномаи “Илм ва Фанноварӣ” мебошанд.

Нармафзори нави ширкати Гугл ва имкони истифодаи он дар Тоҷикистон

Ширкати Гугл нармафзори нави офаридаи худро муаррифӣ кард, ки иртиботи телефонҳои ҳамроҳ ба Интернетро соддаву осон мекунад. Аммо онгуна ки дар матбуот доир ба тавлиди Гуглфон суҳбат мекунанд, ин ширкат қасди тавлиди ягон навъи телефони ҳамроҳро надоштааст, балки бо ширкатҳои Моторола, Самсунг, Эл Ҷи ва Эйч Ти Си ҳамкориро барои ҷорӣ кардани он нармафзор идома хоҳад дод. Дар робита бо истифодаи интернет аз тариқи телефонҳои ҳамроҳ сӯҳбате дорем бо барномарези бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе Илҳом Давронов.

Таъсири бади олудагиҳои муҳити зист ба сиҳатии атфоли бегуноҳ дар Чин

Манотиқи шимолии Чин шоҳиди падидаи бади изтиробангез, яъне 40 дар сад афзудани таваллуди кудакони ноқис шудааст. Ин падида дар минтақае мушоҳида мешавад, ки конҳои истихроҷи ангишт ва ё зуғолсанг бисёр зиёданд ва мақомоти Чин мегӯянд, зоҳиран олудагиҳои зисмуҳитӣ сабаби таввалуди кудакони бемору ноқис будааст. Тафсилоти ин мавзӯъро дар гузориши Расули Шодон хоҳед шунид.

XS
SM
MD
LG