Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин дар кӯшиши кудато айбдор мешаванд


Додситонии куллии Гурҷистон ду раҳбари мухолифинро дар ҷосусӣ ва кӯшиши анҷоми кудато бо кӯмаки Русия айбдор кардаааст. Муовини додситони кулл Николаз Гварамиа гуфт, ки Тсонте Гамсахурдиа ва Шалва Нателашвилӣ дар кӯшиши анҷоми як табаддулоти давлатӣ муттаҳам мешаванд, ки бо машваратҳои се афсари хадамоти кашфи Русия сурат гирифтааст. Тифлис мегӯяд, ки ин афсарон ба ҳайси дипломат дар сафорати Русия дар Тифлис кор мекунанд. Вай гуфт, ки ду нафари онҳо дар феҳрасти афроди мавриди пайгард ҷо дода шуда феълан дар ҷое панаҳ бурдаанд. Қаблан Гурҷистон эълон карда буд, ки се корманди сафорати Русияро бо иттиҳоми ҷосусӣ аз кишвараш хориҷ мекунад. Маскав дар посух се дипломати гурҷиро аз Маскав берун кардааст.
XS
SM
MD
LG