Тоҷирони тоҷик бо роҳи тронзитии Қазоқистон аз кишвари Чин молу коло меоранд.
Як тоҷири истаравшанӣ – Зикрулло Файзуллоев ба дафтари Радиои Озодӣ дар Хуҷанд занг зад ва гуфт, гумрукиёни Қазоқистон дар гузаргоҳи байни қаламрави ин кишвар бо Чин бо сабабҳои номаълум молу колои онҳоро, ки умдатан аз либосҳои тирамоҳӣ ва зимистона иборат мебошад, дар ҳабс нигаҳ медоранд.
Вай афзуд : «Мо, тоҷирони Истаравшан, зиёда аз сӣ нафар, ҳозир зиёда аз бист рӯз мегузарад, ки молҳои мо дар сӣ мошини боркаш аз Хитой омада, ба дари Алмаато, дар гузаргоҳи гумрукӣ истодааст. Сардорони мо мегӯянд, ки кормандони идораи гумруки Қазоқистон на фақат барои тоҷирони тоҷик, балки ба тоҷирони ҳамаи кишварҳои муштаракулманофеъ додани иҷозати ба тариқи тронзитӣ гузаронидани молу колоро ба воситаи қаламрави ин кишвар иҷозат надода истодааст.»
Мусоҳибам афзуд, ба ин гуна мушкил даҳҳо дигар тоҷирони тоҷик низ дар гузаргоҳи гумрукии Қазоқистон, мавсум ба Харгос гирифторанд. Ӯ гуфт, масъулини ин гузаргоҳи гумрукии Қазоқистон сабаби таъхири худ дар додани иҷозаи убури тронзитии қаламрави ин кишвар ба молу колои тоҷиронро то кунун баён надоштаанд. Инчунин, ба гуфтаи тоҷирон, онҳо ба Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон барои мусоидат ба ин мушкили худ муроҷиат бурда, аммо аз масъулини сафоратхона ҷавобе рӯшан дарёфт накардаанд.
Мақомоти идораи гумруки вилояти Суғд дар рӯзи 7 – уми ноябр дар посух ба саволи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ин ҳодиса ҳеҷ гуна огоҳие надоранд. Абдураҳим Ҷӯраев – муовини сардори шӯъбаи назорати гумрукии идораи мазкур дар ин бора афзуд, ки ҷониби Қазоқистон дар бораи ин иқдоми худ ва сабабҳои он ҳамтоёни тоҷикистонии худро дар ҷараён нагузоштаанд.
Дар ҳамин ҳол, тоҷирони Суғд мегӯянд, ки дармондани молу колояшон дар гузаргоҳи гумрукии Қазоқистон дар тӯли як моҳ сармояи онҳоро аз гардиш боздошта, миёни тиҷорати онҳоро шикастааст.
Э монда шудам аз ин спектаклистон,мардуми точик дар назди телевизор мисли кудак нишаста мультфильм тамошо доранд,хамин аст хуллоса
Намозат аз сидк бошад,дар кучо хонданат фарк надорад,дар Курьон навишта шудааст!Ё ин,ки дар хона чойнамоз надоред?
Конуни нагз албатта лекин мухлати хизмат кам мешуд ,бехтарин буд.
Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд! БА НОМ ОЗОДИ ИН ТАХКИР ДАР ХАККИ АЛЛОХ МУМКИН АСТ КИ ЧОПАШ КАРДЕД? ? ? ? Ба гуфтаи худатон амал намекунед.
Хамаш хубу хамин маблаги чамшуда барои чи сарф мешад,нагуфтанд!Акнун военкоматхо ба коргар мухточ мешаванд!