Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз истифодаи шиканҷа дар Узбакистон


Созмони дидбони ҳуқуқи башар – Human Rights Watch даъват кард, ки ҳукумати Узбакистон барои истифода аз шиканҷа дар маҳбасу боздоштгоҳҳои муваққатӣ маҳкум карда шавад. Дар гузориши ин созмон омадааст, ки дар ин кишвари Осиёи Марказӣ маҳбусон ва боздоштшудагон аз тариқи барқ шиканҷа мешаванд ваё мавриди таҷовузи нозирон қарор мегиранд.

Гузориши Human Rights Watch дар арафаи баррасии вазъи дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусон ва боздоштшудагон дар Узбакистон аз сӯи Комиссиюни мубориза алайҳи шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид нашр шуд.

XS
SM
MD
LG