Раҳбарони созмонҳои динии мустақар дар Ӯзбакистон бояд пешниҳодҳои худро дар нишасти Шӯрои ташаккулҳои динии ин кишвар баён кунанд, ки ба он намояндаҳои 7 дину мазҳабҳои мухталиф, мисли Ислом, калисои ортодокси русӣ, католикӣ, лютеранӣ, иттиҳоди баптистҳо ва ҷомеаи яҳудиҳо шомиланд.
"Форум-18", ки бештар вазъи дин ва ақаллиятҳои мазҳабиро дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва Аврупои Шарқӣ мушоҳида мекунад, мегӯяд, ба тағйирёбии қонуни мавҷудаи дини Ӯзбакистон умеди кам мебандад, дар ҳоле, ки ин қонун дар шакли имрӯзааш хеле шадид ва маҳдудкунанда мебошад.
Ҷон Киннаҳан, як таҳлилгари ин оҷонс аз Лондон мисол меорад, ки он ҳама гуна фаъолиятҳои ғайрирасмиро мамнӯъ мекунад.
Бино бар ин қонун, ҷараёни сабтиноми созмонҳои динӣ хеле сахт аст. Ҷаноби Киннаҳан мегӯяд, ҳатто он ҷомеаҳое, ки сабти ном шудаанд, дар фаъолияти худ зиёд азият мешаванд. Ӯ калисои Grace Presbyterian дар Тошкандро мисол меорад, ки ин созмон ҳоло мавриди тафтиши мақомот қарор гирифта бо хатари маҳрум шудан аз дафтари корӣ, ва баъдан аз ҳаққи сабтином рӯбарӯ мебошад.
Ислом Каримов, раисҷумҳури Ӯзбакистон, ки муқобила бо ифротгароии исломиро яке аз ҳадафҳои худ қарор додааст, чандин тағйироту иловаҳоро ба қонуни дин ва қонуни ҷиноии кишвар ҷорӣ кард. Аксар таҳлилгарони бетараф мегӯянд, ки бо назардошти сиёсати таъқибу фишори ҳукумат болои пайравони дину мазҳаб, ба вижа дини Ислом, дар ин кишвари аксар мусалмоннишин, тағйироти нав мусбат нахоҳад буд.
Ба андешаи коршиносон, ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар фаъолиятҳои мазҳабии мардум, ба вижа омезиши дин бо сиёсат хатар эҳсос мекунанд ва аз ҳамин хотир, фишору таъқиб ва муҷозоти гурӯҳҳои мухталифи диниро дар кишвар пӯшидаву ошкоро афзун месозанд.
Мардум Киргизистонро демократи мегуянд аммо банда ин кишварро бехокимияти мехисобад.
Дар ДМТ мора дарс додагияяя...Худо умрша дароз кна малими хоксор бд
Абдунабӣ Сатторзода, донишманди сермаҳсул, инсони комил ва хирадманд, шахси хоксор ва баобруйро бо зӯдрӯзашон табрик мекунам. Орзумандам,ки на танҳо саломатии ҷисмонӣ, боз инчунин саломатии фитрияшон ҳамеша мисли ҳозир пойдор бошанд, умри бобаракаташон ҳамеша дар иҳотаи аҳли илму адаб гузарад ва осори заҳмати зиёда аз нимасриашон ва баъдина эҷод мекардаашон ба асрҳо дастрас ва манбаъи омӯзиши толибилмон боқӣ монад.
Ин амали куҳна ҳаст дар ҳукумати амрико дар оғози кор трамп ҳам мушукҳои (тамагафка) партоб карда буд ба Сурия як пойгоҳи низоми. Ин амалҳоро вақташон гузашт. Қудрати инҳоро мо бо Толибон дидем 20сол натиҷа Қатар Доха.
Ба шумо барори кор мехохем ва осмони софу бехубор.зинда бошед курбони Алимардон