Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаудрӣ хостори ошӯб алайҳи Мушарраф шуд


Ихтиёр Муҳаммад Чаудрӣ - раиси аз маснадаш барканоршудаи Додгоҳи Олии Покистон аз мардуми кишвар даъват кард, ки ба ошӯби алайҳи ҳукумат бархезанд. Ӯ раисиҷумҳур Парвиз Мушаррафро барои эълони вазъи фавқулодда шадидан танқид кард.

Дар ҳамин ҳол ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳам аз тасмими раиси ҷумҳури Покистон Парвиз Мушарраф барои эълони вазъи фавқулодда дар кишвар интиқод мекунад. Ҷорҷ Буш – раиси ҷумҳури Амрико ахиран изҳор кард, ки демократия дар Покистон бояд ҳарчӣ зудтар барқарор шавад. Бан Ки Мун – Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки вазъи дар Покистон ба вуқуъпайваста нигаронаш кардааст. Иттиҳодияи Аврупо низ аз иқдоми Мушарраф пуштибонӣ накард.

Мухолифини ҳукумати Покистон ҳадс мезананд, ки бо баҳонаи эълони вазъи фавқулодда мақомот интихоботи порлумониро чанд моҳи дигар мавқуф гузоштанианд. Ва аммо ҳукумати Покистон изҳор намуд, ки интихобот дар вақти муқарраршуда яъне моҳи январи соли оянда доир хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG