Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди нахуствазири Чин аз Маскав


Имрӯз боздиди нахуствазири Чин Вен Ҷибао аз пойтахти Русия шаҳри Маскав идома мекунад. Оқои Ҷибао ба Маскав бо даъвати раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин барои ширкат дар маросимҳои "Таҷлили соли Чин дар Русия" рафтааст. Ин маърака барои афзоиши мизони ҳамкориҳои Русияву Чин дар заминаи тиҷорату иқтисод ва фарҳанг равона шудааст. Имрӯз нахуствазири Чин бо ҳамтои русаш Виктор Зубков дар масоили иқтисодӣ радду бадал хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG