Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Синамогарони ҷавони тоҷик дар фестивали Маскав


Синамогарони ҷавони тоҷик дар ҳамоиши синамои миллии Кишварҳои Ҳамсуд ва минтақаи дарёи Балтик дар шаҳри Маскав ширкат доранд.

Бино ба итилоъи Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш 4 нафар синамогарони ҷавони тоҷик Далер Раҳматов, Акмал Ҳасанов, Денис Бекетов ва Шарофат Арабова ширкат доранд. Дар ин ҳамоиш мавзуъи мушкилоти синамогарони ҷавон дар кишварҳои муштаракулманофеъ матраҳ мегардад.

Ҳамзамон раёсати ҷашнвора эълом кардаст, пас аз анҷоми ҳамоиш дар Маскав ширкаткунандагони он ба шаҳри Нижний Новгород хоҳанд рафт. Дар Нижний Новгород чорумин ҷашнвораи байналмилалии кишварҳои ҳамсуд ва се кишвари собиқи шӯравии соҳили Балтик баргузор мешавад. Ҷашнвора имсол таҳти унвони «Филмҳои ҷадид дар асри 21» мегузарад. Коргардонони ҷавон аз кишварҳои ҳамсуд дар чорчуби ин ҷашнвора филмҳои худро ба намоиш мегузоранд.

Генадий Полока, раиси ҷашнвора дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав гуфт, ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиши синамогарон ҳифзи мактаби синамогарии шӯравӣ дар густураи кишварҳои муштаракулманофеъ ва соҳили дарёи Балтик аст.

Ба гуфтаи вай, ҷашнвора собит кард, ки он барои ваҳдати синамогарони кишварҳои ҳамсуд маҳфили созандааст. Вай афзуд, ҳадафи мо ин аст, ки мактаби синамогариро дар кишварҳои ҳамсуд ҳифз кунем ва кумак намоем то синамогарии мо пешрафт кунад, чунки Русия бо кишварҳои ҳамсуд анъанаи деринаи ҳамкорӣ дорад.

Генадий Полока ҳамчунин гуфт, ба сабаби маблағ надоштан коргардонҳо бо дастгоҳҳои содда филмбардорӣ мекунанд ва имкон надоранд, ки филмҳои хушсифат бигиранд ва ҷашнвораи мо ба чунин коргардонҳо кумак хоҳад кард, то филмҳои онҳо барои тамошобинон дастрас шавад.

Ҷашнвораи синамогарони ҷавони кишварҳои ҳамсуд ва се кишвари собиқи шӯравии соҳили Балтик аз 9 ноябр то 14 ноябр идома хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG