Намояндагони 8 кишвари минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Чин, Афғонистон, Муғулистон ва Озарбойҷон, нақшаи ҷалби 18 миллиард долларро барои табдил додани Осиёи Марказӣ ба минтақаи транзитӣ байни Осиё ва Аврупо таҳия намуданд.
Чунин нақша дар нишасти вазирони нақлиёти ин кишварҳо дар чаҳорчуби Созмони минтақавии ҳамкории иқтисодӣ (CAREС) дар Душанбе қабул гардид. Тибқи гузориши ин созмон, маблағи муайяншуда тайи 10 соли оянда ҷалб ва барои сохмони роҳҳои нави мошингард ва ҳамчунин роҳҳои оҳан тавассути Осиёи Марказӣ ихтисос дода хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир танҳо як дар сади ҳаҷми додугирифт байни Осиё ва Аврупо тавассути Осиёи Марказӣ пиёда мешавад.