Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи эътирози мухолифини Саакашвилӣ


Мухолифини президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ мегӯянд, ки онҳо тасмим гирифтаанд имрӯз ҳам гирдиҳамоии эътирозиро дар назди бинои парламенти Гурҷистон идома диҳанд. Рӯзи ҷумъаи дуюми ноябр дар бузургтарин гирдиҳамоии эътирозӣ аз замони инқилоби садбаргии соли 2003-ум, ки Саакашвилиро сари қудрат овардааст, беш аз 50 ҳазор нафар иштирок карданд. Ба қавли мухолифин Саакашвилӣ раҳбари худкома асту Гурҷистонро аз роҳи демократӣ канор мекашад. Ҳамчунин мухолифин талаб доранд, ки ибтидои соли оянда дар Гурҷистон интихоботи президентӣ барпо шавад. Ҳизби ҳокими Гурҷистон ин талаб мухолифинро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG