Дар барномаи навбатии мо:
- Ахбори илму фанноварӣ
---------------- Васеътар шудани қабати азон дар атмосфера метавонад, ба олами наботот зиёни ҷиддӣ расонида ва то соли 2100 ҳосили зироатҳои ҷаҳонро 12 дар сад кам кунад.
---------------- Вируси норасоии масунияти бадан ва ё ВИЧро зоҳиран як муҳоҷир аз Ҳаитӣ дар соли 1969 ба Амрико ворид кардааст.
---------------- Дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон як маркази исломшиносӣ таъсис мешавад.
-----------------Ҳар сол 15 ҳазор шаҳрванди Шветсия аз нерӯгоҳи барқи атомии Форсмарск дидан мекунанд.
- Маблағгузориҳо ба соҳаи илм дар ҷаҳони ислом
Маблағгузориҳое, ки кишварҳои исломӣ ва ё мусулмоннишин барои илму пажӯҳиш мекунанд дар муқоиса ба маблағгузориҳои кишварҳои ғарбӣ ба ин соҳа мисли мурест дар пеши фил. Масалан, ҳоло 57 кишвари узви Созмони конфронси исломӣ, ки Тоҷикистони низ ба он шомил аст, барои илму пажӯҳишҳои мухталиф маблағеро сарф мекунанд, ки 0, 37 дар сади тавлидоти нохолиси миллии онҳоро ташкил медиҳад, ки дар баробари нишондиҳандаи ҷаҳонӣ рақами ночизест.
- Илму фанноварӣ дар буҷаи 2008-и Тоҷикистон
Маблағузории соҳаи илму рушди фанновариҳо дар Тоҷикистон низ як масъалаи умда аст, чун дар солҳои гузашта ин бахш шоҳиди суқуту рукуд шуда буд. Донишмандон қишри камбизоати ҷомеа шуданд ва пажӯҳишгоҳҳо орому сокит. Чун порлумони Тоҷикистон тарҳи буҷаи соли ояндаро қабул кард, дар робита ба маблағгузориҳо барои рушди илми ин кишвар дар ин барнома сӯҳбатест бо Додихудо Саймуддинов - раҳбари Кумитаи маориф ва илму фарҳанги Маҷлиси Намояндагон.
- Нанотехнология ва «таҳдид»-и он ба Тоҷикистон
Баъзе аз кишварҳое, ки танҳо маъданҳои табиӣ ва масалан мисли Тоҷикистон маҳсулоти хомро бидуни коркард содир мекунанд, як сабаби наве барои изтироб доир ба ояндаи иқтисодашон пайдо карданд. Акнун фанновариҳои нав то ба ҷое расидааст, ки донишмандон метавонанд маҳсулоти қавитару арзонтар назар ба маҳсулоти пахтагӣ ва мисин биёфаранд. Чӣ гуна? Бо истифода аз нанотехнология.
Гӯш бидиҳед.
озоди метонед нотарсида акнун калимаи муҳоҷирро ба ҒУЛОМИ қари 21 иваз кунед ин мигрция аз имруз пас хариду фуруши қонунии ғуломон меша
Ба НОМУСАЛМОН!!! Як одам бисёр бошарму ҳаё ҳаст, оё шарму ҳаёи онро бо чи чен кунем???? Эмон дар луғат ба маънои тасдиқ ва иқрор кардан аст ва дар шаръ ба маънии 1) Эътиқод доштан бо қалб, 2) Иқрор кардан бо забон 3) Амал намудан бо аъзо мебошад. Эмон (эътиқод) ба Худо, Малоикаҳо, Китобҳои осмонӣ, Расулон, рузи қиёмат, тақдири некию бадӣ ва зиндагӣ баъди марг мебошад. Эмон қавӣ ва заиф мешавад. Яъне бо ибодат ва амалҳои солеҳ қавӣ мегардад ва ва бо гуноҳу амалҳои зишт заиф мешавад. Умедвор ҳастам, ки Шуморо фаҳмонда бошам.
О ин эътирозчиён сагерахои Авангард ку
Тавба точики зархариду серхаридор
мардума расман митинг кардан ичозат надихед, баъд онхо ба тазохурот мебароянд, ё хамин гуна сенарияи Хукумат аст...