Дар театри ҳунарии ба номи Чехови Маскав нахустнамоиши спектакли мавсум ба «Тутиш» аз рӯйи асари Алишер Ниёзов, рӯзноманигори тоҷик, баргузор шуд. Алишер Ниёзов, замоне дар расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар бораи низоъҳои ҳарбӣ дар Тоҷикистон ва ҷануби Қирғизистон матолиби зиёд интишор кардааст.
«Тутиш», исми ин намоишнома - аз як рустои Тоҷикистон ном гирифтааст, ки дар мавзеъҳои наздик марзи Афғонистон воқеъ аст. Мазмуни асар ин аст, ки аҳолии дорои нерӯи корӣ ин маҳалҳоро тарк гуфта ва барои мардикорӣ Русия рафтаанд, аммо дар ин деҳа танҳо кӯҳансолону кӯдакон боқӣ мондаанд. Ин ҷо на шуғле ҳаст, на кӯмакпуливу нафақа ва на омӯзгоре дар мактаб. Пиронсолон рӯйи як харак нишаста, мунтазири омӯзгори рус ҳастанд, ки нишоне аз тамаддун (сивилизатсия) ва ҳаёти нав аст. Аммо мудири бахши маорифи ноҳия хабар медиҳад, ки ба ҷойи муаллими рус, ба мактаби маҳаллӣ омӯзгори турк меояд, чун минбаъд дар таълимгоҳҳои Тоҷикистон фанни забону адабиёти туркӣ роиҷ хоҳад шуд.