Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гардиши тиҷорати хориҷӣ боло меравад


Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли равон ду миллиарду 766 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта 540 миллион доллар ё 20 дар сад беш будааст. Ба иттилоъи Кумитаи давлатии омор, аммо баланси тиҷорӣ манфӣ буда, ба 578 миллион доллар расидааст. Тоҷикистон бо 90 кишвари дуру наздик мубодилаи молу коло мекунад. Шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон – Русия, Ҳуланд, Туркия, Чин ва Эрон ба ҳисоб мераванд. Тоҷикистон ба хориҷи кишвар асосан алюминиум ва нахи пахта содир карда ва гилхок, маводди нафтӣ ва гандуми хориҷиро ворид кардааст.

XS
SM
MD
LG