Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи аршади шӯришиёни афғон кушта шуд


Нирӯҳои амниятии ИМА дар Афғонистон як фармондеҳи аршади шӯришиён ва чанд узви гурӯҳи ӯро, ки талош доштанд аз Покистон ба ин кишвар ворид шаванд, нобуд карданд. Дар изҳороти нирӯҳои амрикойӣ гуфта мешавад, ки фармондеҳе бо исми Абдулманнон рӯзи якшанбе, 28 октябр дар вилояти шарқии Хост дар лаҳзаҳои баъди убури марзи Афғонистон кушта шуд. Куштори мазкур дар соатҳои аввал аз ҷониби мақомоти ин кишвар тасдиқ нашуд. Тибқи иттилои манобеи эътилофӣ, Абдулманнон як фармондеҳои аршади шӯришиён дар солҳои таҷовузи Шӯравӣ ба хоки Афғонистон буда ба гурӯҳи фармондеҳи маъруф Ҷалолиддин Ҳаққонӣ шомил будааст.
XS
SM
MD
LG