Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон аз Арғандоб фирор карданд


Асадуллоҳ Холид волии вилояти ҷанубии Қандаҳори Афғонистон мегӯяд, имрӯз сарбозони афғон ҳамроҳ бо нерӯҳои зери раҳбарии паймони Нато як минтақа дар наздикиҳои шаҳри Қандаҳорро ба тасарруф дароварданд. Ҳафтаи равон муддате ин минтақа ба тасарруфи толибони силоҳбадаст гузашта буд.

Холид меафзояд, дар ҷараёни бархӯрдҳои се рӯзи гузашта дар канори минтақаи Арғандоб беш аз 50 толиби силоҳбадаст кушта шуданд. Ба гуфти волии Қандаҳор ҳоло амалиёти муҳосира ва боздошти тақрибан 200 толиби силоҳбадаст идома дорад. Толибон рӯзи чоршанбе ба муҳосира афтида буданд.

Хабарнигори Афғонистони Озод Ҷовид Аҳмад Вафо ҳамроҳ бо Холид ба Арғандоб ва ду деҳаи атрофи он сафар кард. Ӯ мегӯяд, сар аз рӯзи чоршанбе дар Арғандоб бархӯрд хотима ёфтааст ва сокинони минтақа бозгашт ба хонаҳояшонро шурӯъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG