Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқтисоди Тоҷикистон - дар зинаи 117


Ҳамоиши Ҷаҳонии Иқтисодӣ Тоҷикистонро, бо назардошти шароити номувофиқи соҳибкорӣ, ниҳодҳои заъифи идорӣ ва додгоҳҳои номустақил аз назари рақобатпазирии иқтисоди ин кишвар, дар зинаи 117 қарор додааст. Ҳамоиши Ҷаҳонии Иқтисодӣ шохиси рақобатпазирии иқтисоди 121 кишвари ҷаҳонро дирӯз нашр кард, ки дар он Тоҷикистон аз ҷамъи 7 хол бештар аз 3 хол гирифта, яке аз зинаҳои поёнии феҳрастро касб кардааст.

Гузориши рақобатпазирии иқтисодӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ инро баррасӣ мекунад, ки кишварҳои ҷаҳон то кадом андоза қодир ба таъмини шукуфоии иқтисодӣ ва зиндагии шоиста барои шаҳрвандонашон ҳастанд. Рақобатпазирии иқтисодии кишварҳои ҷаҳонро аз рӯи 12 шохис муайян мекунанд, ки аз ҷумлаи онҳо короии ниҳодҳои давлатӣ, зербунёд, суботи макроиқтисодӣ, ҳаҷми бозор, беҳдошт ва маориф, таҳсилоти олӣ ва такмили ихтисос, муассирияти бозори корӣ, пазириши фанновариҳои нав мебошад.

Дар иртибот ба ниҳодҳои давлатӣ муаллифони ин гузориши мӯътабар навиштаанд, ки короии ниҳодҳои давлатӣ ва шароити барои соҳибкориву рушд дар Тоҷикистон бадтар шуда ва ин рақобатпазирии кишварро назар ба соли гузашта поён бурдааст.

Дар гузориш ҳамчунин мушкилоте зикр шудааст, ки аз ангезаҳои поёнтар рафтани рақобатпазирии иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Дар раддабандии мушкилоти номбурда, фасодкорӣ ва ё коррупсия дар зинаи аввал қарор дорад, сипас дастрасӣ ба сармоя, молиёти зиёд, муқаррароти андозсупорӣ ва омилҳои дигар. Тоҷикистон дар бисёре аз шохисҳо аз маҷмӯъи ҳафт хол танҳо бештар аз аз севуним хол ба даст овардааст ва тамом.

Илҳом Акобиршоев, коршиноси тоҷик, дар ин робита гуфт, давлати Тоҷикистонро мебояд барои боло бурдани рақобатпазирии кишвар сиёсати иқтисодии худро дигаргун кунад. Вай афзуд, асоси рушди иқтисодии кишварҳои дигар соҳибкории хурду миёна аст ва мусоид кардани шароит ҷиҳати таъсиси чунин соҳибкорӣ барои рушди иқтисод ниҳоят муҳим аст, зеро ин ҳамон бахшест, ки аксарияти мардум дар он кор мекунанд.

Ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон ба корхонаву муассисаҳои бузург бартарӣ медиҳанд ва дар симои онҳо бузургтарин молиётдиҳандагонро мебинанд, ки ин чандон дуруст нест ва агар тавваҷӯҳ ба соҳибкории хурд карда шавад, афроди зиёдтар соҳиби кор мешавад, бозгардон меафзояд ва молиёт низ зиёдтар пардохта мешавад.

Илҳом Акобиршоев ҳамчунин молиёти зиёд дар Тоҷикистонро монеъи рушди иқтисодӣ номида гуфт, андозҳои гуногун ва зиёд, сабаби саркашии муассисаву ширкатҳо аз пардохтани молиёт мешавад ва Тоҷикистон низ аз ҳоло шоҳиди он мебошад. Дигар аз мушкил, ба гуфтаи Илҳом Акобиршоев, маҳви фасодкорӣ аст, ки гиребонгири ҷомеаи Тоҷикистон шудааст.

Дар гузориши рақобатпазирии иқтисодӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистон дар миёни собиқ кишварҳои шӯравӣ танҳо болотар аз Қирғизистон қарор гирифтааст ва дигар кишварҳои зинаҳои поён ҳама кишварҳои африқоӣ ҳастанд. Аз кишварҳои муштаракулманофеъ Русия аз назари рақобатпазирии иқтисодӣ дар зинаи 58, Қазоқистон дар зинаи 61 ва Ӯзбакистон дар мақоми 62 қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG