Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли маҳрумияти беш аз 1000 нафар аз ҳаҷ


Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳама мадорики сафар ба ҳаҷро омода кардаанд, эҳтимолан, натавонанд ба зиёрати хонаи Худо ноил шаванд.

Бар асоси қарордоди қаблӣ миёни Арабистони Саъудӣ ва Тоҷикистон, панҷ ҳазор тан аз атбои тоҷик ҳақ доранд, ҷиҳати анҷоми маросими ҳаҷҷи имсола ба Арабистони Саудӣ мусофират кунанд.

Имсол низ чун соли пешина ҳама масъулияти омодагӣ ба маросими ҳаҷ, мусофират ва бозгашти зоирин ба дӯши идораи дини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон вогузор шудааст. Аммо ба иллати ноҳамоҳангӣ миёни идораи дини вазорат бо бахшҳои ноҳиявӣ, имкон дорад беш аз ҳазор нафар, ки ҳама мадорики сафарро омода карда маблағҳои заруриро барои анҷоми ин маросим пардохтаанд, натавонанд ба зиёрати хонаи Худо ноил шаванд.

Тибқи иттилоъи масъулини шӯъбаи ҳаҷҷи идораи дини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, теъдоди афроде, ки новобаста аз анҷоми ҳама муқаррароти маросими ҳаҷҷ имкон дорад аз адои маросими мазҳабии соли ҷорӣ маҳрум шаванд, 1300 нафар будааст. Абдусалом Раҷабов - як масъули шӯъбаи ҳаҷҷи идораи дини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таъйид кард, дар ҳоли ҳозир дақиқ нашудааст, ки ин афрод метавонанд дар маросими ҳаҷҷи имсола ширкат кунанд ё хайр.

Ин дар ҳолест, ки тайи чанд рӯзи ахир даҳҳо нафар дар назди идораи дин гирд омада мехоҳанд бифаҳманд, ки чаро як чунин бебандуборӣ пеш омадааст.

Абдусалом Раҷабов - масъули шӯъбаи ҳаҷҷи идораи дини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ҳоло ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, ин масъаларо аз тариқи роҳҳои дипломатӣ бо мақомоти зидахли Арабистони Саъудӣ ҳал кунад ва дар сурати ҳалли мусбати он ин афрод низ метавонанд аз амокини муқаддаси Ислом зиёрат кунанд. Дар сурати ғайр маблағи супоридаи онҳо пурра бозпас гардонида мешавад.

Боз, масъули шӯъбаи ҳаҷҷ таъйид кард, ки ба маҳзи тақозои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон 120 доллар аз махориҷи ҳаҷҷ коҳиш дода шудааст.

XS
SM
MD
LG