Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқи ваъдагии Туркманистон ба Тоҷикистон наомад


Интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон, ки қарор буд, сар аз имрӯз, 1-уми ноябр, сурат бигирад, барои мӯҳлати номуайян ба таъхир афтод.

Қаблан гуфта мешуд, ки сар аз соати 12-и шаби якуми ноябр Тоҷикистон ба дарёфти барқи Туркманистон қодир мешавад, аммо вақте аз навбатдори масъули ширкати «Барқи тоҷик» тариқи телефон суол кардем, ки оё таҳвили барқи туркман ба Тоҷикистон шурӯъ шуд, гуфт: "Нест, маълум нест. Нӯҳ моҳ шуд маслиҳат мекунанд, аммо маслиҳат намепазад".

Раиси ширкати "Барқи тоҷик" низ як руз пешаш дар гуфтугу бо радиои Озодй изқори эътимод карда буд, ки интиқоли барқи Туркманистон дар вақти таъингашту оғоз хоҳад ёфт.

Бар асоси як созишномаи ахиран имзошуда, Тоҷикистон солона аз Туркманистон як миллиарду дусад миллион киловат-соат барқ хоҳад гирифт. Вале як рӯзи пеш мақомоти ширкати ҳолдингии «Барқи тоҷик» иқрор карданд, ки ҷонибҳо ҳанӯз тариқи нома ё барқияе аз омодагии худ ба интиқоли барқи Туркманистон тавассути хатҳои барқи Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ба ҳамдигар хабар надодаанд. Сафорати Туркманистон дар Душанбе гуфт, ки ин кишвар омода аст барқи ваъдашударо ба Тоҷикистон таҳвил диҳад, дар ҳоле ки Тоҷикистону Ӯзбакистон дар ин миён монеа эҷод накунанд. Вале ниҳодҳои энержии Тоҷикистон ҳанӯз расман шарҳ надодаанд, ки сабаби ба таъхир афтодани интиқоли барқи Туркманистон чист. Оё кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон дубора аз раъйи худ баргаштааст, ки хатҳои барқгузарашро барои транзити барқи туркман вогузор кунад ё хайр? Қарор аст, барқе, ки аз Туркманистон харидорӣ мешавад, барои эҳтиёҷоти Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон масраф шавад.

XS
SM
MD
LG