Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти тоза дар Мянмар


Роҳибони буддоӣ имрӯз дар шаҳри Пакокуи Мянмар дигарбора даст ба тазоҳурот заданд. Ин бори нахуст аст, ки пас аз саркӯбии тазоҳуроти ҷонибдорони демократия дар Мянмар дар моҳи гузашта дар ин кишвар тазоҳурот баргузор мешавад.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар маркази шаҳри Пакокку дар 630 километрии шимолуғарби пойтахт, шаҳри Янгон, бештар аз 100 роҳиб бо раҳпаймоӣ шиор додаву ниёиш кардаанд. Тазоҳурот дар Пакокку дар авоили моҳи сентябр сабаби бузургтарин эътирози мардумӣ ба зидди ҳукумати низомии Мянмар ахир шуд, ки ду даҳсола боз дар ин ҷо мушоҳида нашуда буд.

XS
SM
MD
LG