Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳосираи Толибон дар Қандаҳор


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, сарбозони ин кишвар ва нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаву Конодо дар як ноҳияи вилояти Қандаҳор 250 ҷангҷӯи Толибонро муҳосира кардаанд.

Ба гуфтаи мақомот, дар ҷараёни набардҳои серӯза барои таҳти назорат гирифтани ноҳияи Арғандоб 50 ҷангҷӯи Толибон, се корманди пулис ва як сарбози афғон ба ҳалокат расидаанд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки садҳо нафар аз сокинони рустоҳои наздики маҳалли даргирӣ аз хонаҳои худ фирор мекунанд. Пас аз марги як раҳбари пурқудрати қабилавӣ дар Арғундоб, ки Толибонро аз ин ноҳия дур нигаҳ медошт, пайравони ин ҷунбиш ҳафтае пеш вориди Арғундоб шуданд.
XS
SM
MD
LG