Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пули пахта ба ҷайби кӣ меравад?


Мақомоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз ҷамъоварии беш аз 70 дар сади ҳосили пахтаи имсола то рӯзи 30 октябр хабар додаанд. Новобаста аз иҷрои нақшаи солона, ки дар се-чаҳор соли ахир ба мушоҳида мерасад, ҳамоно фурӯш ва содироти ин зироати, ба истилоҳ стратегии Тоҷикистонро теъдоди маҳдуди ширкатҳои фючерӣ ба ӯҳда доранд ва бар пояи маълумоти мутахассисон, ҳамасола онҳо то 280 миллиён доллар фоида ба даст меовардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳуқуқи моҳонаи пахтакор ҳудуди 20 сомониро ташкил медодааст. Илова бар ин, ҳаҷми қарзи воҳидҳои кишоварзӣ аз ширкатҳои фючерӣ ҳар сол рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки ҳаққи заҳмати кишоварзони тоҷик ба ҷайби кӣ меравад ва пахтапарварӣ дар Тоҷикистон ба манфиати кӣ анҷом мешавад? Давлат, кишоварз ё ширкатҳои фючерӣ?

Ахиран мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" эълом карданд, ки барномаҳои муқаддамотӣ ва омодагӣ барои азсаргирии сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун анҷом шуд. Барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Қонуни буҷаи соли 2008 106 миллион сомонӣ, муодили 30 миллион доллар, маблағ пешбинӣ шудааст. Гуфта мешавад, ба манзури идораи сохтмон, Ҷамъияти саҳҳомии «Роғун» таъсис шуда ва маблағгузорӣ тавассути ин ширкати саҳҳомӣ сурат хоҳад гирифт.

«Барқи тоҷик» ҳамчунин гуфт, бо ширкати РАО ЕЭС-и Русия дар мавриди сармоягузории нерӯгоҳи Роғун музокирот дар ҷараён аст, вале то кунун пешниҳоди мушаххасе ҳосил нашудааст. Вале дар ҳар сурат саҳмияи назоратӣ ба ихтиёри ширкатҳо ва ё давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия низ вогузор нахоҳад шуд, иддао мекунад «Барқи тоҷик».

Дар соли 2004 як ширкати дигари русӣ бо номи РусАл бо ҳукумати Тоҷикистон барои азсаргирии ин сохтмон қарордод имзо кард, аммо бо гузашти се сол кореро анҷом надод ва дар тобистони имсол ҳукумати Тоҷикистон ба сурати якҷониба аз ин қарордод хориҷ шуд ва онро лағв кард.

Ва аммо чунин ба назар мерасад, ки бо дур карда шудани ширкати РусАл аз сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон, ширкати мазкур талош дорад ба иқтисоди кишвари ҳамсояи Қирғизистон роҳ ёбад ва тарҳҳои амалиношудаи худ дар Тоҷикистонро дар он кишвар иҷро бикунад. РусАл қасд дорад, дар бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва бунёди корхонаҳои тавлиди алюминиуми Қирғизистон мушорикат намояд. То куҷо РусАл метавонад дар Қирғизистон муваффақ шавад?

Дар водии Рашт аксари корхонаҳои тавлидотии аз Шӯравии собиқ ба меросмонда тайи беш аз 15 соли ахир фаъолият намекунанд. Ба гуфтаи коршиносони масоили иқтисодӣ, агарчи сокинони ин мавзеъ ду даҳсола пеш ҳам бо замин сару кор доштанд, аммо ин ҷо якчанд корхонаи саноӣ низ фаъол буд, мисли корхонаи коркарди шири Рашт, ки бо маҳсулоти худ дар ҷомеаи кишвар маъруф шуда буд ва имрӯз бекор хобидааст.

Ва аммо дар ҳоле ки беш аз 90 дар сади корхонаҳои маҳаллӣ феълан фалаҷ шудаанд, соҳибкороне низ ҳастанд, ки ба тоза ба майдони тиҷорат ворид шуда ва ба бунёди коргоҳҳои хурди саноӣ саҳм мегиранд. Илҳомиддин Сироҷев, як соҳибкори 46-солаи раштӣ, аз қабили ҳамин гуна тоҷиронест, ки вобаста ба талаботи сокинони маҳаллӣ корхонаи истеҳсоли вашина, ё мумварақро бунёд кардааст. Мумварақ маҳсулоти муҳиммест, ки дохили вай замбӯр асал тавлид мекунад ва ин мавод дар минтақаи Рашт камёфт будааст.

Дар водии Зарафшон ҳам шумори чунин соҳибкорони муваффақ кам нест. Тиллобой Кӯчмуродов, як соҳибкори маҳаллӣ, дар миёни мардум бо ин ки як нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бунёд карда ва мушкили дастрасии сокинони маҳаллиро ба барқ, бавижа дар сармоҳо, осон кардааст, машҳур мебошад. Ин тоҷири панҷакентӣ ҳамчунин як корхонаи дигаре ҳам доштааст, ки дар он орду биринҷ тавлид ва бо нархҳои арзону дастрас ба бозор мебарорад. Ба ҷуз ин гандуму шолии сокинонро дар ин корхона поккорӣ, ё ба истилоҳ ҷувоз мекунад.

Тафсили ин мавзӯъро дар маҷаллаи "Дунёи иқтисод" гӯш бидиҳед.

XS
SM
MD
LG