Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Кӯмаки Амрико ба беморхонаҳои Тоҷикистон

ИМА тибқи як барномаи хайрия ба бемористони марказии шаҳри Ваҳдат ба маблағи умумии 6,4 милиён доллар доруворӣ ва таҷҳизот тақдим кардааст.

Гуфта мешавад, кӯмак ба беморхонаи Ваҳдат як бахши барномаи хайрия мебошад, ки дар чаҳорчуби он дар назар аст ҳамчунин ба як қатор беморхонаҳои шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва водии Рашт кӯмак карда шавад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дастур барои боло бурдани стипендия ва нафақа. Таваррум чӣ мегӯяд?

Як хонаи пиронсолон дар Душанбе

Президенти Тоҷикистон амр дод, ки шурӯъ аз моҳи сентбяри соли 2021 андозаи стипендияи донишҷӯён 30 дарсад, нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ 20 фоиз ва маъюбони гуруҳи якум 50 дарсад боло бардошта шавад. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳини ироаи паёми солонааш ба порлумони кишвар рӯзи 26 январ дар ин замина ба ҳукумат дастур дод. Дар ин суханронӣ раисҷумҳур аз ҷумла гуфт, нафақаи маъюбон мутобиқ бо қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» баланд бардошта шавад

Айни замон, ба иттилои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, андозаи миёнаи нафақаҳои суғуртавӣ, ки аз он маъюбон бархурдоранд, 289 сомониву 67 дирам аст. Дастури боло бурдани нафақаҳо ва он ҳам барои маъюбон дар ҳолест, ки тавварум ва инфлятсияи сомонӣ соли равон назар ба солҳои қаблӣ хеле баланд буд ва то поёни соли 2020 ба 9,4 дарсад расид. Солҳои қаблӣ мизони таварруми сомонӣ дар сатҳи 6-7 дарсад қарор мегирифт. Аз ин рӯ қисме аз болоравии нафақаҳоро таваррум ва гарон шудани нархи маводи хӯрокворӣ фурӯ мебарад.

Доналд Трамп дар Флорида дафтари кории худро боз кард

Вест Палт Бич, Флорида. 20-уми январ ин ва дигар тарафдорони собиқ президент ба истиқболи Доналд Трамп ба хиёбонҳо баромада буданд. Навиштаҷот мегӯяд: "Ҳамоно президенти ман аст"

Доналд Трамп, ки 20-уми январ салоҳиятҳои кориаш дар мақоми президенти ИМА ба анҷом расид, дар аёлати Флорида дафтари кории худро боз кард. Ёварони Трамп дар иттилоияие хабар доданд, ки ин дафтари корӣ бо танзими мукотибаҳо, ташкили суханрониҳо, баромадҳои ӯ ба ҳайси собиқ президенти ИМА ва ташвиқи дастовардҳои маъмурияти пешинааш машғул хоҳад буд.

Хабар рӯзи душанбе нашр шуд. Ин ҳамон рӯзе буд, ки Маҷлиси намояндагони Конгресс ба Сенат – палатаи болоӣ қарори импичменти Трампро таслим кард ва дар он Трамп дар таҳрики ошӯби хушунатомез ба Конгресс дар таърихи 6-уми январ гунаҳкор мешавад. Он рӯз гурӯҳи тарафдорони Трамп ба бинои Капитол ҳамла карданд ва дар натиҷаи беназмиҳои рухдода 5 нафар кушта шуд.

Рӯзи 20 январ, лаҳзаҳое пеш аз тарки Вашингтон карданаш Доналд Трамп хитоб ба тарафдоронаш гуфт, “мо ба ин ё он шакл бармегардем”. Аз замони ба қароргоҳи хусусиаш дар Мар-а-Лагои аёлати Флорида кӯчиданаш Доналд Трамп дар мазҳари ом дида нашудааст. Трамп ҳеҷ гоҳ мағлубияти худ ва пирӯзии ҷо Байденро дар интихоботи президентии ИМА эътироф накардааст.

Хабаргузории Рейтерс бо так ба нашрияи Wall Street Journal ёдовар шуд, ки Трамп бо ёваронаш имкони таъсиси ҳизби сиёсии навро бо номи “Ҳизби ватандӯстон” баррасӣ кардааст.

Дар сурати содир шудани ҳукми айбдоркунанда ба Трамп дар муҳокимаҳои импичменти ӯ дар Сенат, ӯ ҳақ надорад дигар номзад ба президент шавад. Баррасиҳо дар палатаи болоии маҷлиси Амрико 8-уми феврал шурӯъ мешаванд. Вале то ҳол ин масъала номаълум боқӣ мемонад, ки то куҷо беш аз 70 дарсади сенаторҳо аз қарори импичменти Трамп пуштибонӣ мекунанд ё на.

Қарори Трамп дар бораи манъи хидмати сарбозии трансгендерҳо бекор шуд

26 июли соли 2017. Намоиши эътирозии мухолифони қарори президент Доналд Трамп дар бораи манъи хидмати низомии трансгендерҳо

Президент Ҷо Байден қароре имзо кард, ки амри қисман манъ кардани хидмати сарбозии трансгендерҳои маҳаллиро бекор мекунад. Зимни имзои ин қарор рӯзи 25-уми январ Байден гуфт, “Коре, ки мекунам, ин имкон медиҳам ҳама амрикоиҳои қобили хидмат битавонанд бо либоси низомӣ барои кишварашон хидмат кунанд”. Президенти пешин Доналд Трамп соли 2017 тавассути Твиттер эълон кард, ки ба гурӯҳи трансгендерҳое, ки рӯшод аз ин мавқеи худ дарак медиҳанд, хидмати низомӣ манъ мебошад. Ӯ дар шарҳи қарораш гуфт, ки хароҷоти тиббии трансгендерҳо бисёр баланд аст ва низомиён бояд сари “ғалабаи қотеъ ва ҳамаҷониба” тамаркуз бикунанд. Қарори имзошуда ҷалби трансгендерҳоро ба хидмат манъ карда, ба кормандони амалкунанда рабт надошт. Байден гуфт, низомиёни Амрико бо фарогирии ҳама аъзои ҷомеа қавитар мешаванд.

Кайя Каллас - нахустин зан дар мақоми нахуствазири Эстония

Нахуствазири нави Эстония Кайя Каллас дар парлумон. 25-уми январ

Кайя Каллас аввалин зане шуд, ки дар мақоми нахуствазири Эстония тасдиқ гардид. Номзадии ӯ дар овоздиҳии парлумон баъди тасдиқи эътилофи нави ҳукумат, ки аз аъзои ҳизби “Ислоҳот”-и марказу ростгаро ва ҳизби чапгарои “Марказ” ташаккул ёфтааст, қабул шуд. Дар парлумони иборат аз 101 узв аъзои ҳукумати нав 59 курсиро ишғол мекунанд. Ҳукумати нав бар ивази ҳукумати пошхӯрдаи пешин сари кор омад, чун дар авҷи моҷарои фасод водор шуд тарки мақом кунад. Ин моҷаро ба ҳузури ҳизби ростгарои EKRE дар эътилофи ҳукуматӣ хотима гузошт. Каллас дар суханронии 25-уми январаш гуфт, ки дар навбати аввал дар мақоми раиси ҳукумат бо бӯҳрони беҳдоштӣ сарукор мегирад. Каллас гуфт, “мақсади мо ин аст, ки Эстония ҳадди аксар боз бошад ва мардум битавонанд ба кор ва кӯдакон ба мактаб бираванд ва фаъолиятҳои иқтисодӣ идома ёбад”. Каллас 43 сол дошта, дар гузашта узви парлумони Аврупо будааст ва падараш Сиим Кааллас яке аз муассисони ҳизби “Ислоҳот” мебошад. Ӯ инчунин дар мақомҳои нахуствазир ва комиссионери собиқи Иттиҳоди Аврупо кор кардааст. Аз замони касби истиқлолияти Эстония дар соли 1991 ҳизбҳои “Ислоҳот” ва “Марказ” ду гурӯҳи аслӣ дар саҳнаи сиёсии ин кишвари назди Балтика мебошанд. Нахуствазири пешин Юри Ратас рӯзи 13-уми январ дар авҷи моҷарои фасод тарки мақом кард ва гуфт, ки худи ӯ шахсан ҳеҷ кори баде накардааст.

Сенат барои номзадии Блинкен дар мақоми котиби давлатии ИМА овоз медиҳад

19 январ. Энтони Блинкен ба ҳайси номзад ба мақоми Котиби давлатии ИМА дар назди аъзои Кумитаи умури хориҷии Сенат баромад мекунад

Рӯзи 26-уми январ Сенати Амрико барои тасдиқи номзадии Энтони Блинкен ба мақоми котиби нави давлатии ИМА овоз медиҳад. Раҳбари аксариятҳои Сенат Чак Шумер (демократ аз Ню-Йорк) овоздиҳиро баъди он таъин кард, ки дар Кумитаи равобити хориҷии Сенат 25-уми январ аксар аъзояш ба тарафдории тасдиқи номзади президент Ҷо Байден мувофиқат карданд. Интизор меравад, ки аз Блинкен намояндагони ҳарду ҳизби сиёсӣ ҳамаҷониба пуштибонӣ кунанд. Аксар вакилон, аз ҷумла ҷумҳурихоҳҳо, тақозо карданд, ки тасдиқи номзадии Блинкен дар фурсати кӯтоҳ сурат гирад, чунки дар сиёсати хориҷӣ масъалаҳои зиёди ҳалталаб ҷамъ шудааст. Сенатор Боб Менендез (демократ аз Ню Ҷерси) дар Твиттераш навишт, ки Сенат бояд ӯро ба зудтарин фурсат тасдиқ кунад, чунки “ҳеҷ нафаре мисли ӯ ҳунари барқарор кардани равобит бо ҷаҳони берунаро надорад”. Баъди сиёсати “Аввал Амрико”-и президенти собиқ Донлад Трамп, Блинкен акнун бояд аз паи барқарор кардани робитаҳои дипломатии ИМА бо дигар кишварҳои ҷаҳон шавад. Сиёсати Трамп боиси дар бархе ҳолатҳо бо муттафиқони стратегиву суннатӣ бад шудани равобити Вашингтон гардид. Дар миёни масоили дигари аввалиндараҷаи мавриди таваҷҷӯҳи Блинкен Эрон ва ҳам Чин ҳам ёд мешаванд.

Байден аз тарзи бархӯрд бо Навалний “бисёр нигарон” аст

Ҷо Байден 20-уми январ дар мақоми президенти ИМА савганд ёд кард

Президенти ИМА Ҷо Байден аз саркӯби мунаққиди Кремлин Алексей Навалний ва ҳам эътирозгарон изҳори нигаронӣ кард. Ду рӯз баъди ҳабсҳои дастаҷамъии мухолифони президент Владимир Путин дар саросари Русия ва ҳам зиндонӣ кардани Навалний, Байден рӯзи 25 январ гуфт, ки ӯ аз ин ҳодисаҳо «бисёр нигарон шудааст». Ӯ гуфт, ки ҳанӯз бояд ба қароре бирасад, ки дар посух ба вазъи атрофи Навалний чӣ вокуниш мекунад, вале изҳори умедворӣ кард, ки ИМА ва Русия метавонанд дар бахшҳои мавриди манфиати ду ҷониб кор кунанд. Байден гуфт, ки ду кишвар бояд дар масъалаи назорати силоҳҳо ҳамкорӣ кунанд ва то 5-уми феврал, ки замони хатми мӯҳлати New START – охирин созиши амалкунандаи силоҳҳо миёни Вашингтон ва Маскав мебошад, фурсат хеле кам мондааст. Байден дар сӯҳбат бо журналистон дар Кохи Сафед гуфт, ки ИМА мавқеи худро дар заминаи рафтори Русия рӯшан хоҳад кард. Байден инчунин ба рахна шудани шабакаҳои компютерии ИМА ҳам ишора кард, чун ин ҳамлаи рахнагаронро кори дасти Русия меноманд. Инчунин Русияро дар маблағгузории Толибон барои куштори сарбозори амрикоӣ дар Афғонистон гумонбар медонанд. Ӯ гуфт, аз сохторҳои дахлдори кишвар хост, ки ӯро дар бораи ҷузъиёти ин қазияҳо дар ҷараён гузоранд, то ӯ ин масъалаҳоро бо Маскав матраҳ кунад.

Санади ба қонуншиканӣ муттаҳам кардани Доналд Трамп ба Сенат рафт

Маҷлиси намояндагон. Аъзои ҷаласаи ирсоли санади иттиҳоми собиқ президенти ИМА Доналд Трамп ба Сенат

Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи 25-уми январ санади ба қонуншиканӣ муттаҳам кардани раиси ҷумҳури собиқ Доналд Трампро ба Сенат, палатаи болоии Конгресс пешниҳод карданд. Вакилони мардумӣ Доналд Трампро “ба барангехтани ошӯб” дар рӯзи 6-уми январ муттаҳам мекунанд. Дар он рӯз тарафдорони Доналд Трамп ба бинои Конгресс ҳуҷум бурданд ва ҷаласаи тасдиқи натиҷаҳои интихобот ва пирӯзии Ҷо Байден - рақиби демократи Доналд Трампро баҳам заданд. Дар натиҷаи ҳуҷум ва ҳарҷу марҷи он рӯз 5 нафар, аз ҷумла як афсари пулис кушта шуданд. Вакилони Сенат ризоият додаанд, ки ҷаласаи эълони иттиҳом ба зидди Доналд Трамп рӯзи 8-уми феврал шуруъ шавад. Вакилони демократ, ки нақши додситонро дар ҷаласа иҷро мекунанд, талош доранд, вакилони Ҳизби ҷумҳурихоҳ низ ба тарафдории гунаҳкор эълон шудани Доналд Трамп раъй диҳанд ва ҳам ӯро аз ҳаққи соҳиб шудан ба мақоми давлатӣ маҳрум кунанд. Маҷлиси намояндагони Амрико баъди як ҳафтаи ҳуҷум ба Конгресс, Доналд Трампро ба қонуншиканӣ муттаҳам кард ва ӯ нахустин раиси ҷумҳури Амрико шуд, ки вакилон ба ӯ ду бор эълони нобоварӣ ва дар қонуншиканӣ муттаҳам мекунанд. Барои ба даст овардани раъйи мувофиқ ҳадди аққал бояд 17 вакили Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба зидди Трамп овоз диҳанд. Ҳуҷум ба Конгресс баъди он сар зад, ки Доналд Трамп дар ҳузури тарафдоронаш бардурӯғ гуфт, ки пирӯзиро дар интихобот аз ӯ дуздиданд.

Путин гуфт,"қасре", ки дар таҳқиқоти Навалний зикр шудааст, ба ӯву наздиконаш тааллуқ надорад

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия.

Владимир Путин, президенти Русия таҳқиқоти мухолифи рус Алексей Навалнийро дар бораи қасре дар минтақаи Геленҷики Русия шарҳ дод. Путин дар ин бора дар як ҷаласаи видеоӣ бо ҳузури намояндагони донишгоҳҳои он кишвар суҳбат кард.

Президенти Русия гуфт, филми таҳқиқотиро ба далели "камбуди вақт" надида, аммо чанд порчаи онро аз назар гузаронидааст. "Аз он чизҳое, ки дар филм ҳамчун амволи ман зикр шудааст, ҳеч кадомашон на ба ман ва на ба наздиконам тааллуқ надоранд ва ҳаргиз тааллуқ надоштанд. Ҳаргиз", - гуфт Путин дар посух ба суоли донишҷӯе.

Президенти Русия гуфт, бештар аз 10 сол аст, ки дар ин бора гуфтумон мешавад ва дар ин 10 сол мебоист, ҳуҷҷате ба даст меомад. "Дар иваз чи чизе мавҷуд аст? Акси маро гузоштед, шакли ҳавзеро, ки ман шино мекунам, зикр кардед. Вале ман намедонам ин кадом ҳавз аст. Кай ва дар куҷо? Он акс аз соли 2016 аст, дар Енисей. Дасткорӣ шудааст. Ба ибораи дигари яке аз қаҳрамонҳои машҳури мо, бояд гуфт: "Дилгиркунанда аст, духтарон". Ҳадди ақал чизи дурусттаре мебофтанд", - илова кард Путин.

Вай гуфт, бархе аз афроди дар филм зикршударо мешиносад, дӯстонаш ё ҳамкорони пешинаш ва ё хешони дурашу шиносонаш ҳастанд ва бархеи дигарро умуман намешиносад. Путин гуфт, тиҷорат "ҳаргиз таваҷҷуҳи ӯро ҷалб накардааст" ва вай "ҳаргиз ба ин кор машғул нашудааст".

Бунёди мубориза бо фасоди Алексей Навалний филмеро бо номи "Қасри Путин" рӯзи 19 январ нашр кард. Бино ба тасдиқи Навалний, ин қаср ба президент Путин рабт дорад.

Таҳдиди ҷарима ва басташавии чанде аз созмонҳои ҷамъиятӣ дар Қазоқистон

Фаъолони созмонҳои ҷамъияти дар Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Рӯзи 25 январ мақомоти андози Қазоқистон ду созмони ҷамъиятиро ба додгоҳ кашида, талаби қатъи фаъолият барои 3 моҳ ва ҷаримаҳои ҳангуфт кардаанд. Пештар созмонҳоеро ҷазои ҳамсон дода буданд, ки ба мониторинги интихоботҳо дар Қазоқистон машғул буданд.

Ба ин тартиб, рӯзи 25 январ мақомоти андози шаҳри Алмато созмони иҷтимоии Бюрои байналхалқии ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон ва "Ташаббуси байналхалқии ҳуқуқӣ"-ро бо баҳонаҳои ҳисоботи молӣ ба додгоҳ кашидаанд.

Мақомот аз ин ду созмон дар маҷмуъ бештар аз 4750 доллар ҷарима талаб доранд. Ба ҷуз ин, ду созмон барои 3 моҳ аз фаъолият маҳрум хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукми додгоҳ содир, аммо ба иҷро надаромадааст.

Дар моҳи ноябри соли 2020 якбора 13 созмони ҷамъиятӣ дар Қазоқистон гуфтанд, ки нисбати онҳо тафтишҳои беасос шуруъ шудааст. Намояндагони созмонҳо он замон тафтишҳоро "ҳамла" ва "фишори сиёсӣ" дар остонаи интихоботи порлумонӣ унвон карда буданд.

Коргарони як чоҳи нафт дар Қазоқистон бо талаби маоши бештар коршиканӣ карданд

Коргарони чоҳи нафти Кокжде. 25 январ, 2021.

Бештар аз 200 коргари чоҳи нафти Кокжде дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон бо талаби боло бурдани сад дарсадии моҳона рӯзи 25 январ коршиканӣ карданд.

Як коргари чоҳ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, моҳона камтар аз 370 доллар маош мегирад, ки ба харҷи рӯзгораш намерасад.

"То нисфи рӯз наздики 100 нафар будем, баъди нисфирӯз шумори коргароне, ки ба иқдоми мо пайвастанд, афзуд. Ҳоло бештар аз 200 кас ҳастем. Кор вазнин аст ва маош кам", - гуфт он коргар.

Ширкати "КМК Мунай", ки чоҳи вилояти Оқтеппаро дар ихтиёр дорад, моҳи августи соли гузашта маоши коргаронро 33 дарсад боло бурда буд. Аммо коргарон мегӯянд, танҳо бархе мутахассисон соҳиби маоши баланд шуданд, на ҳамаи коргарон.

Ширкати "КМК Мунай" наздики 400 коргар дорад ва соли 2004 таъсис шудаву ба истихроҷи нафт машғул аст.

Раиси пешини КДАМ Қирғизистон баъди иштирок дар интихоботи президентӣ боздошт шуд

Абдил Сегизбоев, раиси пешини КДАМ-и Қирғизистон.

Раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Қирғизистон Абдил Сегизбоев дар доираи як парвандаи ҷиноӣ боздошт шуд.

Дар Додситонии низомии Қирғизистон гуфтанд, ки Додситонии кулли ин кишвар 14-уми январи соли равон дар асоси шикояти Алмамбет Шикмаматову шахсони дигар бо банди "сӯистифода аз мақом" парванда боз карда, Сегизбоевро ба барқасдона беобурӯй сохтани вакилони вақти порлумон Алмамбет Шикмаматов, Аида Салянова Омурбек Текебоев дар назди сокинон айбдор мекунад.

Ба иттилои манбаъ, сухан аз қонуншиканиҳои раиси пешини КДАМ Қирғизистон дар робита ба масъалаи "Белизгейт" меравад.

Порлумони Қирғизистон 16-уми ноябри соли 2016 масоили вобаста ба "Белизгейт"-ро ба баррасӣ гирифта, ба ин ҷаласа раиси вақти Кумитаи амният Абдил Сегизбоев, додситони кул Индир Ҷолдубоев ва мудири кулли "Мегаком"-ро низ даъват карда буд.

Абдил Сегизбоев дертар ба президенти вақти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев гуфта буд, ҳуҷҷатҳое, ки онҳо аз мақомоти расмии Белиз дастрас кардаанд, нишон медиҳад, бархе мақомҳои баландпояи ин кишвар (вакилони кунунии порлумон) манфиатдор буданд, то ширкати "Саутфилд" (эҳтимолан соҳиби он Максим Боқиев аст) моҳи апрели соли 2012 аз фурӯши бахши саҳмияҳои ҳанӯз миллиношудаи ширкати "Алфа Телеком" беш аз 50 миллион доллар ба даст оранд.

Вале Идрис Қодирқулов, раиси вақти КДАМ Қирғизистон 19 сентябри соли 2018 гуфт, ки ҳуҷҷатҳои мазкур расман дастрас нашудаанд ва дар кумита низ онҳо қайд нагаштаанд.

Абдил Сегизбоев дар интихоботи президентии пеш аз муҳлати Қирғизистон, ки 10 январ баргузор шуд, дар миёни 17 номзад бо касби 1, 46 дарсади раъйҳо мақоми панҷумро касб карда буд.

Исроил парвозҳои байналмилалиро як ҳафта манъ мекунад

Яке аз фурудгоҳҳои Исроилю

Исроил аз шоми рӯзи душанбе ҳамаи парвозҳои байналмилалиро ба муддати як ҳафта қатъ мекунад. Дар ин бора сарвазири Исроил Бинёмин Натаняҳу рӯзи якшанбе иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири Исроил пурра баста шуда, шаҳрвандони ин кишвар танҳо бо сабабҳои "ҳаётӣ" метавонанд хориҷ ё дохил шаванд.

Дар Исроил аз оғози пандемияи коронавирус чораҳои сахт ҷорӣ шуда, вуруд ба ин кишвар шадидан назорат мешавад. Иқдоми навбатии мақомоти Исроил низ бозгӯи он аст, ки талош доранд, намуди нави коронавирус дар марҳилаи муҳимтарин - маъракаи гузаронидани ваксинаи зидди КОВИД-19 ба ин кишвар ворид нашавад.

Ин кишвар аз нигоҳи раванди гузаронидани ваксина дар дунё дар мақоми аввал аст. Аллакай беш аз 25 дарсади исроилиҳо ваксинаи зидди коронавирусро дарёфт кардаанд. Мақомоти Исроил тасмим доранд, ки то моҳи марти имсол ба ҳамаи сокинони пиронсол ваксина гузаронанд. Ҳамчунин сокинони аз 16 то 18-сола низ ваксинаро дарёфт мекунанд.

Фаъолон гуфтанд, “ба хотири фишор ба сунниҳо” як масҷиди тоза сохташудаистода дар Эрон тахриб шуд

Эроншаҳр. Макони масҷиде, ки тоза бунёд мешуд ва бо тасмими мақомот, тахриб карда шуд

Фаъолони балучӣ гуфтанд, ки мақомоти эронӣ як масҷидеро, ки дар ҳоли сохта шудан дар Эроншаҳри вилояти Сиистон ва Балучистон буд, “ба хотири фишор ба аҳли суннат” тахриб карданд. Ташаббуси Балучиҳои Аврупо бо нашри изҳороте гуфт, ки тахриби зербинои масҷид 23-юми январ рух дод, ҳарчанд ин муассиса тамоми иҷозатномаҳои лозимии мақомотро гирифта буд. Вале шаҳрдори Эроншоҳ Нураҳмад Дархуш ба оҷонсии IRNA гуфт, ки сохтмон иҷозатнома надошт. IRNA гуфт, ки макони бунёди масҷид ҳамчун майдони боз барои намозгузорон сабтином шуд ва “бар асоси қонунҳо, шифти болояш набояд сохта мешуд”.

Дар ин гузориш омадааст, ки Эроншаҳр – макони зисти аксар қавми балуч - 500 масҷиди аҳли суннат дошта, 80 масҷидаш барои намозгузорони шиамазҳаб хидмат мекунад.

Фаъолони балуч гуфтанд, ки мақомот дар чанд ҳафтаи гузашта сохтмони ду масҷиди дигари аҳли суннатро дар минтақа қатъ карданд. Онҳо гуфтанд, ки қарори мазкур зери фишори намояндагони Раҳбари олии Эрон Алии Хоманеӣ ва вазорати иттилоот гирифта шудааст.

Дар гузашта ҳам аққалиятҳои қавмиву динӣ аз фишор ва табъйизи давлат шикоятҳо кардаанд.
Моҳи январ дар номааш ба номи Оятулло Хоманеӣ раҳбари маъруфи сунниҳои Эрон Мавлоно Абдулҳамид аз он чи ки, ба гуфтааш, “бархӯрди табъизомез нисбати сунниҳо” номид, интиқод кард. Ӯ гуфт, “42 сол баъди ғалабаи Инқилоби исломӣ, сунниҳои Эрон ҳамоно бо мушкилот ва нигарониҳо дар заминаи ҳуқуқи маданӣ рӯбарӯ ҳастанд” ва афзуд, ки сунниҳо дар Эрон “шаҳрвандони дараҷаи ду” мебошанд.

Оятулло Орифй, раиси маъракаи фаъолони Балуч дар сӯҳбат бо шабакаи Би-Би-Си гуфт, ки дар ду моҳи гузашта гурӯҳи онҳо ҳодисаҳои қатли 16 узви ин ҷомеаро сабт кардаанд.

Маркази ҳуқуқи башари Эрон, воқеъ дар Ню-Йорк моҳи декабр гузориш дод, ки дар Сиистон ва Балучистон ҳукми қатли 3 зиндонии балуч ба иҷро даромад. Ин афродро барои узвият дар гурӯҳҳои ҷангҷӯи суннимазҳаб гунаҳгор карданд, ки дар гузашта дар Эрон ҳамлаҳо анҷом додаанд.

Мустафо Нилӣ, як ҳомии ҳуқуқи башар дар сӯҳбат бо ҳафтаномаи “Эътимод” 18-уми декабр гуфт, ки дастикам 10 зиндонӣ дар маҳбаси Зоҳидон ба марг маҳкум шудаанд ва онҳоро дар фаъолиятҳои оппозитсионӣ зидди Ҷумҳурии Исломӣ гунаҳгор мекунанд. Фаъолони ҳуқуқ гуфтанд, ки дар ду ҳафтаи гузашта дар шаҳру манотиқи мухталифи Эрон 50 фаъоли курдтабор бо иттиҳоми номаълум боздошт шудаанд. Кова Кирмоншоҳӣ, сухангӯи Шабакаи ҳуқуқи башари Курдистон дар сӯҳбат бо Радио Фардо гуфт, ки бовар дорад дар пушти ин ҳама саркӯбҳо Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ истодааст. Кирмоншоҳӣ гуфт, ки “аксари боздоштшудаҳо фаъолони сиёсиву маданӣ, фарҳангӣ ва муҳитзистӣ, ҳатто фаъолони ҳунар мебошанд ва танҳо шумори ками онҳо шаҳрвнадони қаторӣ ҳастанд”. Айни замон, ӯ гуфт, ки далели боздошту фишорҳои охирро намедонад ва изҳори нигаронӣ кард, ки ба боздоштшудаҳо ба хотири эътирофҳои маҷбурӣ фишор хоҳанд овард.

СММ ба кормандонаш гуфт, ба ҳавопаймоҳои покистонӣ нанишинанд

Исломобод, фурудгоҳи байналмилалии "Беназир"

СММ ба кормандонаш ҳушдор дод, ки аз хидмати ҳавопаймоҳои сабтшудаи покистонӣ истифода накунанд, чун, ба хулосаҳои ин ниҳод, бархе халабонҳои покистонӣ ихтисоси худро дуруст намедонанд. Дар як ҳушдоре ба номи кормандони СММ, ки 23-юми январ матнашро матбуоти покистонӣ дарёфт кардааст, Идораи СММ оид ба мудирияти низомҳои амн (UNSMS) гуфтааст, дар паи тафтиши иҷозатномаҳои шубҳаноки парвоз машварат медиҳад, ки ба ҳангоми “истифода аз операторҳои сабтшудаи покистонӣ эҳтиёт ба кор бурда шавад”. Санаи нашри ин ҳушдор маълум нест.

Моҳи июни соли 2020 Покистон эълон кард, ки дар паи садамаи ҳавопаймое, ки бо марги 97 нафар анҷомид, санҷише барпо ва 262 халабон дар нақзи талаботи имтиҳонсупорӣ гумонбар дониста шуд. Машварати СММ ба ин маъност, ки ҳатто дар сурати парвоз дар дохили кишвар кормандони СММ бояд аз нишастан ба ҳавопаймоҳои маҳаллӣ худдорӣ кунанд.

Оҷонсии The News-и Покистон менависад, ки кормандони СММ метавонанд аз ҳавопаймоҳои Сомон-Эйр-и Тоҷикистон, Kam Air-и сабтшуда дар Афғонистон ва “Узбекистон ҳаво йуллари” истифода кунанд.

Дар даҳ соли гузашта чор ҳавопаймои сабтшудаи покистонӣ суқут карда, боиси кушта шудани 450 мусофир ва ҳайати халабонҳо шуданд.

Моҳи маи порсол ҳавопаймое, ки аз Лоҳур ҳаракат мекард, дар як минтақаи аҳолинишини Карочӣ суқут кард. Собиқ вазири умури ҳавопаймоӣ Ғулом Сарвархон он замон гуфт, ки сабаби фоҷеа иштибоҳи инсон буда, пилот ё халабон аз рӯи муқаррарот амал накард.

Рогозин гуфт, Facebook саҳифаашро муваққатан баст

Дмитрий Рогозин - раҳбари Роскосмос

Раҳбари баҳсбарангези идораи коиноти Русия Дмитрий Рогозин гуфт, ки ширкати Facebook як рӯз баъди раддубадалҳои хашини ӯ бо Майкл Макфол, собиқ сафири ИМА дар Маскав саҳифаи ӯро муваққатан баст. 23-юми январ, замоне, ки ҳазорҳо сокини Русия дар саросари ин кишвар бидуни ҳарос аз боздошт бо талаби озод кардани раҳбари мухолифон Алексей Навалний ба хиёбонҳо рехтанд, Макфол дар саҳифаи худ дар Твиттер назарҳои худро баён кард. Макфол ҷасорати эътирозгарони рус дар муқобили президент Владимир Путинро ситоиш кард ва хашми бисёр сокинони дигари Русия, аз ҷумла Рогозинро барангехт, ки талош намуданд эътирозгарони ватаниро бо кори ниҳодҳои қудратии амрикоӣ ба ҳангоми бархӯрд бо хушунатҳои Капитол дар таърихи 6-уми январ қиёс кунанд. Рогозин гуфт, ки ИМА бояд аввал мушкилоти дохилии худро ҳал кунад ва ба дигар кишварҳо машварат надиҳад. Ӯ инчунин ИМА-ро дар мудохила ба умури Русия айбдор кард, вале ҳеҷ далеле наовард. Айни чунин изҳориназарҳои Рогозин дар Фейсбук баъдан боиси баста шудани саҳифааш гардид.

160 эътирозгари беларусӣ боздошт шуд

23 январ, Минск. Дар як навиштаҷоти эътирозгарон омадааст: "Игор Лосик 40 рӯз аст гуруснанишинӣ мекунад"

Дар намоишҳои эътирозии Беларус рӯзи 24-уми январ тахминан 160 нафар боздошт шуд. Ин мардум бо талаби истеъфои Александр Лукашенко, ки августи соли 2020 гуфт, дар интихоботи президентӣ пирӯз шудааст, ба хиёбонҳо баромада буданд. Эътирозгарон дар шиорҳои рӯзи якшанбеи худ инчунин ба зиндонии сиёсӣ Игор Лосик ҳамраъйӣ баён карданд. Ӯ аз миёнаҳои моҳи декабр ба ин сӯ ба нишони эътироз даст ба гуруснанишинӣ задааст. Лосик як блогнависи маъруф ва мушовири Радиои Озодӣ дар масоили фанновариҳои нави матбуотӣ - охири моҳи июн бо иттиҳоми кӯмак дар беназмиҳои ҷамъиятӣ боздошт шуд. Аз рӯи ин иттиҳом то се соли ҳабс пешбинӣ мешавад. 15-уми декабр ӯро иловатан барои кӯмак дар беназмиҳои ҷамъиятӣ гунаҳгор карданд, ки баъди интихоботи пурбаҳси 9-уми август тамоми Беларусро фаро гирифт. Лосик баъди эълони иттиҳоми нав даст ба гуруснанишинӣ зад. Ӯро дар боздоштгоҳи Окрестинаи воқеъ дар канори Минск нигоҳ медоранд. Ба қавли Amnesty International, ин муассиса “ҳаммаънои шиканҷа” мебошад. Собиқ боздоштшудаҳо, ки дар ин муассиса нигаҳдорӣ шудаанд, мегӯянд, ки нозирони боздоштгоҳи Окрестина боздоштшудаҳоро бераҳмона мезананд. Рӯзи 24-уми январ аз намоишҳои эътирозии бетанаффуси сокинони Беларус баъди интихоботи президентӣ 170 рӯз пур шуд ва дар 30 соли раҳбарии Лукашенко ин бӯҳрони бесобиқаи сиёсӣ мебошад.

Маҷлиси намояндагон дар мавзӯи "таҳрики шӯриш" аз ҷониби Трамп тасмим мегирад

20-уми январ, Вашингтон. Доналд Трамп бар хилофи анъанаҳо, дар маросими савгандёдкунии президенти баъдӣ Ҷо Байден иштирок накард ва пеш аз ин маросим ба хонааш дар аёлати Флорида парвоз кард.

Рӯзи 25-уми январ Маҷлиси намояндагони зери назари демократҳои ИМА қарор аст собиқ президент Доналд Трампро расман дар “таҳрики шӯриш” муттаҳам бикунад. Ин иттиҳом, ки бештар хусусияти расмӣ дорад, баъдан ба баррасии Сенат ирсол мешавад ва додситонҳо талош мекунанд бо дарёфти раъйи зарурӣ Трампро аз талоши дастёбӣ ба мансаби президентӣ дар оянда боздоранд. Рӯзи 13-уми январ, як ҳафта пеш аз тарки мақом кардани Трамп, Маҷлиси намояндагон бо тарафдории 232 нафар ва мухолифати 197 вакил ба импичменти Трамп розӣ шуд. Барои эълони иттиҳом дар нисбати Трамп ба сенаторҳои демократ мувофиқати 17 вакили ҷумҳурихоҳ кифоят мекунад. Вале бовар намеравад, ки ин кор амалӣ шавад. Дар шарҳи талоши эълони иттиҳом ба Трамп ҳодисаҳои 6-уми январи соли ҷорӣ дар Конгресс тасвир шудаанд, вақте издиҳоми тарафдорони Трамп ба бинои Капитол ҳамла карда даст ба беназмиҳо заданд ва дар ин ҳодисаҳо 5 нафар кушта шуд. Трамп нахустин президенти ИМА шуд, ки дар замони раҳбариаш ду дафъа импичмент шуд ва аввалин касест, ки баъди тарки қудрат метавонад дар додгоҳ посухгӯ шавад. Хушунат дар ҳоле бархост, ки Трамп натиҷаҳои интихоботи президентии 3-юми ноябри порсолро эътироф накард ва бидуни далел гуфт, ки натиҷаҳо “тақаллуб” шудааст. Трамп пеш аз ҳамлаи издиҳом ба Конгресс хитоб ба тарафдоронаш гуфт, “мисле, ки ҷаҳаннам бошад, биҷангед”. Дар ҳоле, ки ҳамон рӯз бисёр ҷумҳурихоҳҳо Трампро интиқод карданд, танҳо чанд нафар ба маҳкум кардани президенти ҳамоно маҳбуб дар миёни як қишри мардум ва аъзои ҷумҳурихоҳҳо изҳори омодагӣ кардааст. Онҳо мегӯянд, мурофиаи додгоҳӣ боиси ҷудоиандозӣ мешавад ва дурустии тасмими муҳокимаи ӯ баъди аз қудрат рафтани президентро зери суол бурданд.

Дар таркиши балони газ дар Панҷакент 12 нафар захмӣ шуданд

Шаҳри Панҷакент. Акс аз бойгонӣ.

Дар натиҷаи таркидани як балони газ дар чойхонаи "Самарқанд" дар шаҳри Панҷакент 12 нафар ҷароҳат бардошта, ба бемористон расонда шудаанд. Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодиса касе нобуд нашудааст.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодиса пеш аз чоштгоҳи рӯзи душанбе, 25-уми январ руй додааст. Ба гуфтаи сарчашма, сокини деҳаи Майкатаи ҷамоати Амондара Ёлқин Тиллоев чойхонаро ба иҷора гирифта будааст.

Мақомот гуфтаанд сабаби таркиш "риоя карда нашудани қоидаҳои бехатарӣ" аст.

Дар бораи ин ҳодиса аз сарчашмаҳои мустақил то кунун маълумоти пурра дастрас нест. Як хабарнигори маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шояд шумораи захмиён аз 15 нафар бештар бошад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба тафтиши ин ҳодиса оғоз кардааст.

Байдену Макрон ҳамкориҳои наздики ИМА ва Аврупоро баррасӣ карданд

Ҷо Байден 20-уми январ дар мақоми президенти нави ИМА савганд ёд кард

Президентони Фаронса ва ИМА - Эммануэл Макрон ва Ҷо Байден ба мувофиқа расиданд, ки дар масоили мубориза бо коронавирус ва тағйироти иқлим ҳамкорӣ мекунанд. Сӯҳбати нахустини телефонии онҳо рӯзи 24-уми январ баргузор шуд. Дар изҳороти дафтари президенти Фаронса омадааст, ки ду раҳбар “барои ҳамкорӣ ба хотири сулҳ дар Ховари Наздику Миёна, бахусус дар ҳалли масоили ҳастаии Эрон изҳори омодагӣ карданд”. Ҳафтаи гузашта Макрон аз тасмими Байден барои бозгашти ИМА ба созишҳое, ки аз он президенти пешин Доналд Трамп хориҷ шуда буд, истиқбол кард. Дар оғоз Макрон талош мекард бо Трамп равобити хубе барпо кунад, вале баъдан муносибатҳои ҳарду сардтар шуд. Сӯҳбати телефонии Байден ба Макрон, ки тахминан як соат идома дошт, бо ҳадафи оддӣ шудани муносибатҳои ду ҷониб барпо гардид. Кохи Сафед дар изҳороте гуфт, ки Байден ба ҳамкориву ҳамоҳангӣ дар масоили мисли созиши Париж дар заминаи тағйироти иқлим, тадбирҳои зидди COVID-19 ва иқтисоди ҷаҳонӣ тааҳҳуд кардааст. Дар изҳорот инчунин дар бораи тақвияти ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби НАТО ва ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо гуфта шудааст. Дар сӯҳбати президентони ИМА ва Фаронса масоили Чин, Ховари Миёна, Русия ва минтақаи Соҳил низ матраҳ шуд.

Боздошти ду киштӣ дар Индонезия ба ҳангоми эҳтимоли қочоқи нафти Эрон

24 январ, лаҳзаи ошкор шудани киштиҳои MT Horse (аз чап) ва MT Frea (аз рост) дар ҷазираи Борнеои Индонезия

Индонезия гуфт, ки ду киштии нафткаши Эрон ва давлати Панамаро бо иттиҳоми қочоқи нафт дар обҳои ин кишвари Осиёи ҷанубушарқӣ боздошт кардааст. Дар гузашта Эронро чандин бор дар он муттаҳам карданд, ки бо талоши фирор аз таҳримҳои ИМА, низоми назорати ҳаракати киштиҳоро хароб мекунад. Оҷонсии амнияти баҳрии Индонезия рӯзи 25-уми январ гуфт, ки нафткашҳои азими MT Horse ва MT Freya рӯзи гузашта дар обҳои вилояти Калимантан боздошт шуданд ва барои баргузории тафтишот ба ҷазираи Батам интиқол дода мешаванд. Сухангӯи ин оҷонсӣ гуфт, ки киштиронҳо нахостанд парчами давлати худро нишон диҳанд, системаи назорати ҳаракати киштиҳоро кушта ба тамосҳои радиоӣ посух надоданд. Мақомоти Индонезия гуфтанд, ки масъулини ду киштӣ лаҳзае ошкор ва дастгир шуданд, ки аз киштии MT Horse ба MT Freya нафтро интиқол бидиҳанд. Ҳамаи 61 сарнишини ду киштӣ боздошт шуданд. Вазорати хориҷаи Эрон гуфт, ки аз Индонезия дархост намуд ҷузъиёти ин ҳодисаи боздоштро ошкор кунад.

Ҳодисаҳои нохуш дар чанд рӯзи номусоидии ҳаво дар Тоҷикистон

Чанд рӯзи ахир Душанбе ва дигар манотиқи Тоҷикистон шоҳиди барфрезиҳои зиёд шудаанд

Ҳавои номусоиди чанд рӯзи ахир ҳодисаҳои нохушро дар Тоҷикистон афзоиш додааст. Сухангӯи Кумитаи ҳолатаҳои фавқуллода рӯзи 25 январ гуфт, ки барфрезии зиёд дар охири ҳафтаи гузашта баъзе аз қисматҳои роҳи мошингарди ноҳияҳои Шуғнон ва Ишкошими Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшонро баст. Баъди тоза кардани барф ҳоло роҳҳо дубора боз гардидаанд. Рӯзи 22 -юми январ дар ноҳияи Дарвоз садами мудҳиш рух дод. Сокини 46-солаи шаҳри Хоруғ бо панҷ мусофир ҳангоми ҳаракат ба самти Душанбе аз ӯҳдаи идораи мошини “Ланд Крузер”-аш набаромада, ба ҷарии 40-метр сарозер шуд. Дар натиҷа ронанда бо ду мусофир ба ҳалокат расиданд. Ду нафари дигар дар ҳолати вазнин ба беморхонаи шаҳри Кӯлоб интиқол ёфтанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфт, боди сахт боми 8 бинои истиқоматӣ ва маъмуриро дар ноҳияҳои Исфара ва Ҳисор хароб кард. Касе дар пайи ин ҳодисаҳо осеб надидааст. Тибқи иттилои обуҳавошиносон, дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимоли зиёди фаромадани тарма вуҷуд дорад.

Парвоз нест, вале қабули донишҷӯён бекор нашуд. Русия аз квотаҳо гуфт

Бархе донишгоҳҳо дар Русия бо риояи ҳатмии талаботи Роспотребнадзор ҷараёни таълими ҳузуриро идома медиҳанд

Намояндагии “Россотдрудничество” дар Тоҷикистон дар бораи шурӯи номнависӣ барои таҳсил дар макотиби олии Русия дар соли хониши 2021-2022 хабар медиҳад. Сабти довталабон тариқи вебсайт аз 20-уми январ то 20-уми феврали соли ҷорӣ идома хоҳад кард. Қаблан нахуствазири Русия Михаил Мишустин қарори зиёд кардани квотаро барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия имзо намуд. Тибқи он, дар соли нави хониш шумори квотаҳо 18 ҳазор, соли 2022 - 23 ҳазор ва шурӯъ аз соли 2023 - 30 ҳазор хоҳад буд. Тоҷикистон чун солҳои қаблӣ 630 квотаро соҳиб шудааст. Донишҷӯёни тоҷике, ки соли гузашта тибқи квота ба донишгоҳҳои Русия дохил шуданд, бинобар пандемияи коронавирус натавонистанд ба Русия сафар кунанд. Ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки дарсҳоро тариқи онлайнӣ бихонанд. Мақомоти рус гуфтанд, бозгашти донишҷӯён ба Русия дар сурати барқарор шудани парвозҳои доимӣ имконпазир хоҳад шуд.

АП: Парвози транзитӣ аз Тошканд ба Қазоқистон бидуни иҷозати ситод имкон надорад

Яке аз толорҳои пешвозгирии фурудгоҳи шаҳри Тошканд

Талоши бархе шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Қазоқистон тавассути парвози транзитии шаҳри Тошканд натиҷа надод. Парвозҳои миёни Тошканду Душанбе ҳафтаи гузашта барқарор шудааст. Оҷонсии “Азия-Плюс” бо такя ба як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки сафари транзитӣ аз Узбекистон ба Қазоқистон дар ҳоле иҷозат аст, ки агар мусофирони тоҷик иҷозатномаи Ситоди муқобила бо коронавируси Қазоқистонро дошта бошанд. Яъне агар шумо ҳатто аз ягон корхонаву идораи Қазоқистон даъватнома доша бошед, вале бидуни иҷозатномаи Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19– и Қазоқистон шуморо ба ин кишвар роҳ намедиҳанд. То ҳанӯз равуои ҳавоӣ байни Душанбе ва Алмаато барқарор нашудааст.

Даромади буҷаи Русия аз ҳисоби патенти муҳоҷирон коҳиш ёфт

Гурӯҳи муҳоҷирони узбек дар Маскав

Русия дар 11 моҳи соли гузашта аз ҳисоби пули патенти муҳоҷирон беш аз 577 миллион доллар фоида гирифтааст. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, соли 2018 ин нишондод 757 миллион доллар будааст.

Дар ин вазорат гуфтанд, ки аз моҳи январ то ноябри соли 2020 дар ҳудуди Русия каме беш аз миллион нафар муҳоҷирон патент гирифтаанд, дар ҳоле, ки соли 2019 - 1 миллиону 700 ҳазор нафар соҳиби патенти кор шудаанд.

Қаблан эълон шуда буд, ки сафари шаҳрвандони хориҷӣ ба ин кишвар бо сабаби пандемияву маҳдудиятҳо 50 фоиз коҳиш ёфтааст. Русия соли 2015 муқаррароти доштани ҳатмии патенти корро ҷорӣ кард ва буҷаи он кишвар ҳар сол аз ҳисоби пардохтҳои муҳоҷирони корӣ миллионҳо доллар фоида мебинад. Муҳоҷирон бе патент ҳаққи кор дар Русияро надоранд ва дар сурати надоштани он ҷарима ва аз қаламрави он кишвар ихроҷ мешаванд. Феълан нархи патенти кор дар ҳудуди шаҳри Маскав 5341 рубл, дар вилояти Маскав 5092 рубл ва шаҳри Санкт-Петербург 3993 рублро ташкил медиҳад.

Мақомоти тоҷик сафари сохтмончиёни тоҷик ба Иркутскро тасдиқ карданд

Фурудгоҳи шаҳри Иркутск

Вазорати меҳнати Тоҷикистон мегӯяд, гурӯҳи аввали сохтмончиёни тоҷик ҳафтаи равон ба шаҳри Иркустки Русия барои кор интиқол дода мешаванд. Қарор аст садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар ин шаҳри Русия дар мувофиқа бо се ширкати сохтмонӣ бо ҷойи кор таъмин шаванд. Вазорат рӯзи 25 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамаи хароҷоти муҳоҷирони тоҷик - шурӯъ аз парвозу ҳуҷҷатгузорӣ то таъмин бо хӯроку хобгоҳ ва карантини дуҳафтаина, аз ҳисоби ширкатҳои сохтмонӣ пардохта мешавад. Вазорати меҳнати Тоҷикистон мегӯяд, сафари муҳоҷирони корӣ ба Иркутск дар чаҳорчӯби созишномае сурат мегирад, ки бо дастури муовини сарвазири ҳукумати Русия Татяна Голикова қабул шудааст.

Дар шароити пандемияи коронавирус ва маҳдудиятҳои иҷтимоӣ, ки бисёр соҳаҳои иқтисоди Русияро фаро гирифтааст, сафари корҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки Русия бозори асосии кори онҳо ба шумор мешавад, аз соли гузашта ба ин сӯ манъ шудааст. Камбуди нирӯи кории дохиливу боздошта шудани корҳо дар бисёр соҳаҳо, аз ҷумла сохтмон, барои соҳибкорону корхонаҳо мушкилоти зиёд эҷод кардааст.

Иркутск дар 5-ҳазоркилометрии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, шаҳри шашуми калонтарини минтақаи Сибири Русия – макони зисти беш аз 600 ҳазор сокин мебошад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG