Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нанотехнологияе, ки ба Тоҷикистон "таҳдид" мекунад


Баъзе аз кишварҳое, ки танҳо маъданҳои табиӣ ва масалан мисли Тоҷикистон маҳсулоти хомро бидуни коркард содир мекунанд, як сабаби наве барои изтироб доир ба ояндаи иқтисодашон пайдо карданд.

Акнун фанновариҳои нав то ба ҷое расидааст, ки донишмандон метавонанд бо истифода аз нанотехнология маҳсулоти қавитару арзонтар назар ба маҳсулоти пахтагӣ ва мисин биёфаранд.

Ричард Ҷонс – профессор ва олими физика аз Донишгоҳи Шеффелди Бритониё мафҳуми нанотехнологияро чунин шарҳ медиҳад:

«Технологияҳои бисёре мавҷуданд, вале аксари онҳо як чизи муштарак доранд. Яъне, идора кардани сохтори ашё ба ҳадди нанометр, яъне, идора дар ҳадди атому молекулаҳо, ки он ашё аз онҳо таркиб ёфтаанд.»

Нанометр як ҳазоруми метр аст. Ричард Ҷонс ин ҳафта дар маҷаллаи “Табиати нанотехнология” навиштааст, фанновариҳои нави ҳосилкарда аз нанотехнология бозорҳои ҷаҳонии ноустувори молу колоро ноустувортар мекунад. Масалан, бозори фуруши маҳсулоти мисинро.

Ричард Ҷонс мегӯяд, ноқилҳои карбонӣ назар ба ноқилҳои мисин, ки нерӯи барқро интиқол медиҳанд, ба маротиб арзонтаранд ва фаразан метавонанд ҷойи ноқилҳои мисинро бигиранд. Албатта кори зиёде бояд кард, то ин фарзия ба амалия тадбил ёбад.

Тавассути нанотехнология метавон на танҳо фулузот, балки ришта низ ҳосил кард. Ба гуфтаи Ричард Ҷонс, ҳоло чунон риштаҳои нозуке ҳосил мекунанд, ки мисли матоъи пахтагин нарму латиф аст. Аммо вақте матоъи алтернативӣ мавҷуд аст, ин маънии онро надорад, ки он матоъ метавонад, матоъи табиӣ масалан аз пахтаро иваз кунад.

Ричард Ҷонс мегӯяд, иваз шудани ҷойи ашёи табиӣ бо ашёи сунъӣ ончунон ки осон ба назар меояд содда нест. Аммо ба ҳар сурат ихтироъи ашёи сунъие, ки метавонад, ашёи табииро иваз кунад, дар бозори фурӯши ин мол ё ашё ҳатман номаълумӣ ва изтироб ба вуҷуд меорад.

Аммо муқовимат ба ин гуна номаълумиҳо ба гуфтаи Ричард Ҷонс ширкат дар пешбурди нанотехнология аст. Вай мегӯяд, кишварҳое ки танҳо пахта содир мекунанд, бояд бо истифода аз усулҳои нанотекнолоҷӣ сифати маҳсулоти худро беҳтар кунанд.

Ба қавли Ричард Ҷонс, муҳимтар аз ҳама бояд мутахассисони маҳаллӣ омода карда шаванд, то ин гуна фанновариҳои навро ҷорӣ намоянд. Ва дигар ин ки соҳаҳои нави соҳибкорӣ дар кишварҳои содиркунандаи маҳсулоти хом рушд дода шавад, то иқтисод пойбанди маҳсулоти ягона ва осебпазир набошад.

XS
SM
MD
LG