Дар истгоҳи Уштеппаи ноҳияи Қаротоли Қазоқистон 18 шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми истифода аз асноди қаблакӣ боздошт шуданд. Сардори дафтари матбуоти раёсати умури дохилии вилояти Алмато Кубейхон Нураҳмад мегӯяд, баргаҳои муҳоҷират ба Русияи боздоштшудагон тақаллубӣ будаанд ва биноян мақомоти Қазоқистон ҳамаи онҳоро муҳоҷирони ғайриқонунӣ мешуморанд. Вай меафзояд, боздоштшудагонро аз шаҳри Хуҷанд се шаҳрванди Тоҷикистонро роҳбаладӣ карда, ба онҳо ваъда додаанд, то марзи Русия мерасонанд. Баргаҳои муҳоҷиратии Русияро боздоштшудагон дар шаҳри Каскелени Қазоқистон аз як сокини маҳаллӣ харидорӣ кардаанд. Ин шаҳрванди 46-солаи Қазоқистон муддати зиёде ба таҳияи асноди қалбакӣ машғул буда, низ боздошт шудааст. Дар манзили ӯ боз ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон, ки низ омодаи сафари Русия буданд, боздошт шудаанд.