Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозёфту боздеҳҳои нави илм


Ҳамоиши илмии байнулмилалӣ доир ба мушкилоти имрӯзи зилзилашиносӣ ва 100 соли заминларзаи мудҳиши Қаротоғ, роҳи нави ҷилавгирӣ аз такрори бемории инсулт ва ё сактаи мағзӣ аз мавзӯъҳои ин маҷалла мебошад.Гази карбон ва афзоиши он дар табиат

Пажӯҳиши тозае ошкор кардааст, ки миқдори гази карбон дар таркиби атмосфера босуръаттар аз он, ки тассавур мешуд, меафзояд. Дар ҳамин ҳол назар ба солҳои 1990 ихроҷи гази карбон дар соли 2006 ба андозаи 35 дарсад бештар шудааст.

Олимони устролиёӣ, муаллифони таҳқиқот, мегӯянд, афзоиши ихроҷи гази карбон бо ин падида ҳамроҳ будааст, ки уқёнусҳо дигар он газро камтар фурӯ мекашанд. Гази карбон умдатарин гази гулхонаӣ маҳсуб мешавад, ки гармиро дар сатҳи атомсфера нигаҳ дошта, сабаби гармоиши хатарноки сайёра мегардад.

Заминларзаи Қаротоғ ва зилзилашиносиии муосир

Дар Тоҷикистон ахиран як ҳамоиши байнулмилалии илмӣ доир ба садумин солгарди заминларзаи мудҳиши Қаротоғ ва мушкилоти илми зилзилашиносии муосир баргузор шуд.

Сад сол қабл, 21-уми октябр соли 1907, дар мавзеъи Қаротоғ, воқеъ дар ғарби Душанбеи имрӯз, як заминларзаи шадид ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он беш аз 12 ҳазор сокини ин маҳал ба ҳалокат расиданд ва ҳазорон нафари дигарро бесарпаноҳ монданд.

Ахиран пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Тоҷикистон дар робита ба 100-умин солгарди ин фалокати табиъӣ ва мушкилоти имрӯзаи илми зилзилашиносӣ як ҳамоиши илмие баргузор кард. Дар ин нишаст донишмандон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, як минтақаи зилзилахези дунё, аз он фоҷиъа ёдовар шудаанд ва ҳамчунин аз мушкилоти имрӯзи биносозӣ ва зилзилашиносӣ суҳбат карданд.

«Ту-95» – ҳавопаймоҳои муҳиб ва пешрафта

Русия ба навпардозии ҷиддии ҳавопаймоҳои бомбафкани «Ту-95», ки дар таййи ним аср ҳам дар нерӯҳои ҳавоии Шӯравии собиқ ва ҳам Русияи имрӯзӣ истифода шудаанд, шурӯъ кардааст.

Хабаргузории «Интерфакс» (Русия) хабар медиҳад, ки ҳавопаймоҳои «Ту-95» бо афзорҳои нави ҳозиразамони иттилоъотӣ муҷаҳҳаз хоҳанд шуд. Мутахассисон мегӯянд, ки ин ҳавопаймои бомбаафкани Русия аз ҳавопаймоҳои муҳиб ва пешрафта маҳсуб мешавад.

Корти ҳофизаи нави «Самсунг»

Ширкати куриёии «Самсунг Электроникс» флеш-корт ва ё корти ҳофизаи компютерии навро ихтироъ кардааст, ки иттилооти бештарро дар худ ҷой медиҳад.

«Самсунг» ахиран корти ҳофизаи 64-гигабайтии НАНД-ро муаррифӣ кард, ки тавлиди саноатии он аз соли 2009 шурӯъ хоҳад шуд. Кортҳои ҳофизаи компютерӣ асосан барои афзорҳои рақамии мусиқӣ, телефонҳои ҳамроҳ ва дастгоҳҳои аксбардории рақамӣ истифода мешаванд.

Хосияти дигари гулкарам

Агарчӣ аксарияти шумо медонед, ки истеъмоли гулкарам барои сиҳҳати инсон хуб аст, вале шояд аз хоссияти дигари он бехабар ҳастед. Донишмандони амрикоӣ ин ҳафта гуфтанд, ки истеъмоли гулкарам ҳамчунин пӯсти инсонро аз таъсири бади нурҳои ултрабунафши офтоб ҳифз кунад. Табибон шираи аз гулкарами тоза гирифташударо ба пусти инсонҳо молида ва шоҳиди он шудаанд, ки ин шира сурхӣ ва осеби пустро ба таври қобили мулоҳиза кам кардааст.

Кооксиметр – ёвари табибон

Як афзори сода барои санҷидани оксиди карбон дар таркиби хуни инсон метавонад ба табибон кумак кунад, то амрози муътодони сигорро муайян намоянд. Ин афзор ки кооксиметр ном дорад, барои ташхиси миқдори оксиди карбон дар таркиби хуни сӯхторнишонҳо истифода мешавад.

Донишмандони амрикоӣ мегӯянд, онро метавон барои муайян кардани афроди сигоркаш, ки ин одати худро пинҳон медоранд, низ истифода бурд.

Сарбанди бузурги Чин ва ...динозаврҳо

Дар Чин ба хотири шуста нашудани мавзеъи пур аз боқимондаҳои динозаврҳо як сарбанди бузургро бунёд кардаанд.

Матбуоти Чин хабар медиҳад, ки ба ин сарбанди тақрибан паҳнояш якунимкилометрӣ дар зафри се сол сохта шудааст.

Шеваи муассири табобати сактаи кӯчаки мағзӣ

Олимони Бритониё ва Фаронса як шеваи муассири кам кардани хатари гирифторӣ ба сактаи мағзиро пайдо кардаанд ва он ҳам табобати фаврии касонест, ки ба сактаи хурди мағзӣ гирифтор мешаванд. Дар пайи ин пажӯҳиш табибони ду кишвар ошкор кардаанд, ки афроди баъди сактаи хурди мағзӣ дар зарфи 24 соат табобатшуда аз мубтало шудан ба сактаҳои ҷиддитар 80 фоиз эмин мондаанд.

Худи сактаи мағзӣ чӣ гуна беморист. аз Донишгоҳи тиббии Йел шарҳ медиҳад:

Бемории сактаи мағзӣ, ба тафсири Волтер Карнан, ин аст, ки инсон ба таври ногаҳонӣ, дар суханронӣ мушкилӣ мекашад ва ё калима пайдо намекунад, ё як даст ва ё як пояш заъиф мешавад, ё баногоҳ қувваи босирааш заъиф мешавад ва ҳамингуна заъифӣ бо тағйири суханронӣ, каҷшавии рӯй ва ё нобино шудани як чашм сурат мегирад.

Ин нишонаҳо пас аз як ё ду соати гирифтории инсон ба сактаи мағзӣ нопадид мешаванд. Чун иллатҳои бемориро намебинем, табобатро нолозим дониста, ба таъхир меандозем ва ё табибон низ зарурати фаврии қабули беморонро низ лозим намебинанд. Аммо чунин таъхир дуруст нест.

Олим дар ин бора мегӯяд, бояд мардумро ташвиқ кард, то баъди гирифторӣ ба сактаи хурдӣ мағзӣ ҳарчи зудтар ба назди табиб раванд.

Табибон Пйер Амаренко ва Биша Клод Бернар дар шаҳри Порис як марказеро таъсис додаанд, ки шабонарӯзӣ ба қабули гирифторони сактаи хурди мағзӣ машғул будааст. Дар баъзе ҳолот беморон танҳо пас чанд аз соати гирифторӣ ба сактаи мағзӣ ба табиб муроҷиат кардаанд. Аз миёни ҳазорон нафари ин афрод, ки таййи ду сол дар марказ дармон гирифтаанд, танҳо 1,24 дарсади онҳо дар зарфи 90 рӯз бори дувум ба сактаи мағзӣ гирифтор шуданд. Яъне 5 маротиба камтар аз онки интизор мерафт.

Гуфта мешавад, ҳар сол 15 миллион нафар гирифтори сактаи мағзӣ мешаванд ва он яке аз сабабҳои умдаи маъюб мондани инсонҳо маҳсуб мешавад.

Волтер Карнан бар ин бовар аст, ки ба роҳи пайдо кардаи табобати Амаренко ва Бернар табибон дар саросари ҷаҳон пайравӣ хоҳанд кард. Бо вуҷуди онки дармонгоҳҳои Фаронса замонаву муҷаҳҳаз ҳастанд, аммо дар табобати беморони сактаи мағзӣ аз ин таҷҳизот истифода накардаанд ва хароҷот барои беморон низ зиёд набудааст.

Дар ҳамин ҳол пизишкон табобати сактаи кӯчаки мағзиро бисёр сода ҳисобида, барои гирифторони эҳтимолии он аспиринро тавсия медиҳанд, чун муътақиданд, ки он фишори хунро паст мекунад.

Доктор Кернан мегӯяд, табибон дар саросари ҷаҳон медонистанд, ки сактаҳои хурди мағзӣ иллати сактаҳои мағзии хатарноканд, вале табобати фаврии сактаҳои хурди мағзиро лозим намедонистанд. Вай умедвор аст, ки акнун пажӯҳиши мазкур ва дигар таҳқиқоти тиббӣ аксарияти табибони ҷаҳонро мутақоид хоҳад кард, то фавран ба табобати мубталоёни ин мараз бипардозанд.

Беморони сактаи мағзӣ дар Тоҷикистон низ кам нестанд ва дар аксари маворид ин беморон бо нодида гирифтани ин марази хатарнок маъюби якумрӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG