Ҳозирони ҷамъомад дар шаҳри Бишкек аз мақомоти вазорати умури дохилаи Қирғизистон хостанд, то қотилони Алишер Соҳибовро пайдо кунанд ва нагузоранд, то чунин ҳодисаҳо бо хабарнигорон такрор шавад. Мелис Турғунбоев сардори идораи мубориза ба зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорат дар назди ҳозирин гуфт, ки вазорат чанд фарзияи қатли хабарнигори ҷавонро баррасӣ мекунад. Вай афзуд: "Ду фарзия, аз ҷумла қатли ӯ дар заминаи фаъолияти хабарнигорӣ ва кори дасти гурӯҳҳои ҷиноӣ баррасӣ мешавад."
Турғонбоев гуфт, нақши хадамоти ҷосусии кишварҳои дигар дар қатли хабарнигор баррасӣ мешавад, вале ҳеҷ кишвареро ном набурд. Аммо Шоҳида Яъқуб намояндаи Гурӯҳи ташаббуси Лондон қатли Алишер Соҳибовро кори дасти маъмурони амнияти Узбакистон хонд: "Алишер Соҳибовро ҳамкоронаш хабарнигори ҷасуре медонистанд, ки пайваста дар нашрияааш роҷеъ ба ҳукумати Узбакистон мақолаҳои интиқодӣ нашр мекард."
Маҳофили матбуотии Тоҷикистон низ қатли ҳамкори ҷавони худро маҳкум карданд. Нуриддин Қаршибоев – раиси Иттиҳодияи расонаҳои электронии мустақили Тоҷикистон дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: "Қатли хабарнигор як ҳодисаи ногувор ва латмае ба озодии матбуот дар Қирғизистон ва минтақа хоҳад буд ва даст боло кардан ба рӯзноманигор ва ба қатл расонидани ӯ албатта як зарбаи сахте ба озодии баён мерасонад ва мо ба хешовандони ӯ ибрози ҳамдардӣ мекунем."
Алишер Соҳибов, ки муассиси нашрияи “Сиёсат” дар вилояти асосан узбакнишини Ӯши Қирғизситон буд ва пайваста дар мақолаҳояш ҳукумати худкомаи Ислом Каримовро танқид мекард. Ӯ пас аз ошӯбҳои хунини Андиҷон дар соли 2005 ба бисёре аз фирориёни Ӯзбакистон дар пайдо кардани сарпаноҳ кӯмак карда ва дар барқарор кардани иртиботи онҳо бо Созмони Милал мусоидат намудааст.