Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои раиси радио ва телевизиони Қирғизистон


Президенти Қирғизистон, Қурманбек Боқиев, раиси Кумитаи телевизион ва радиои миллии кишварашро аз вазифа барканор кард. Вай ба ин мақом собиқ раҳбари оппозисюн Мелис Эшимхоновро таъин намуд, ки ҳамраиси рӯзномаи мустақили "Агим" низ мебошад. Эшимхонов яке аз раҳбарони асосии раҳпаймоиҳои эътирозии зидди президент дар оғози имсол буда, ахиран ба сафи пуштибонони сиёсатҳои Боқиев табдил ёфтааст. Ширкати радио ва телевизионии миллии Қирғизистон ҳоло на ниҳоди давлатӣ, балки як маркази нашаротии ҷамъиятӣ ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG