Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи муҳоҷирони кушташуда номуайян аст


Мақомоти расмии Тоҷикистон гуфтаанд, ки тайи 9 моҳи соли равон бештар аз 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Русия ҷони худро аз даст додаанд. Ба гуфтаи Шӯҳрат Аҳмадов, намояндаи хадамоти муҳоҷирати вазорати умури дохилаи Тоҷикистон теъдоде аз муҳоҷирони корӣ дар сохтмонҳо, баъзеи дигар аз бемориҳои гуногун ва ҳамчунин аз дасти гурӯҳҳои нажодпарасти рус ба ҳалокат расидаанд. Вале нозирони мустақил мегӯянд, маълумоти мақомоти давлати Тоҷикистон комил нест. Он танҳо шумораи кушташудагонеро дар бар мегирад, ки ҷасадашон бо нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан ба Тоҷикистон расонда шудааст. Шумори зиёде аз ҷасадҳо бо мошин ва автобусҳо низ интиқол дода мешавад. Созмони Тоҷикдиаспора дар Маскав мегӯяд, ҳафтае дар Русия аз чаҳор то ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон кушта мешавад.

XS
SM
MD
LG