Муҳаммадшариф Нозимов, муовини раиси кумитаи сармоягузорӣ ва раёсати амволи давлатии Тоҷикистон, бо таъйиди ин хабар гуфт, натиҷаи муноқиса ва ё тендер, ки моҳи июни соли ҷорӣ ҷиҳати хусугардонии ин корхона баргузор шуда буд, дар моҳи августи соли ҷорӣ аз сӯи кумисюни вижаи Ҳукмати Тоҷикистон рад гардид ва ин кумисюн хостори таҳияи дубораи тарҳи хусусигардонии шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи июни соли ҷорӣ кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон корхонаи «Тоҷикхимпром»-ро ба муноқиса (тендер) гузошт, ки як ширкати бритониёӣ онро бо маблағи тақрибан 3 миллион доллар харидорӣ карда буд, вале ин фурӯш зуд лағв гардид.
Ин дар ҳолест, ки қаблан кумитаи сармоягузории Тоҷикистон тахмин мезад, ки сабаби лағви фурӯши корхона ба ширкати бритониёӣ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон хусусигардонии он ба сармоягузорони дохилист. Вале, ба эътиқоди коршиносони тоҷик, сармоягузорони дохилии кишвар қудрати харидории чунин корхонаи бузург ва таҷрибаи фаъол сохтани онро надоштаанд.
Бар тибқи талаботи тендери дар моҳи июн доиршуда, ин корхона пас аз анҷоми чанд шарт бояд то соли 2009 ба моликияти ширкати «Enjik Chemikal Cо»-и Бритониё табдил мешуд. Аз ҷумла ин ширкат дар ин муддат барои таҷдиди «Тоҷикхимпром» 20 миллион доллар сармоягузорӣ карда, ҳудуди 8 миллион доллар қарзи ин корхонаро пардохт намуд ва ҳудуди 2000 коргарони маҳаллиро ба кор таъмин намояд.Гуфта мешавад, ҷамъияти саҳомии «Тоҷикхимпром» соли 1999 дар заминаи корхонаи электрокимиёии Ёвон таъсис шудааст.
Фурӯши ин корхона дар муноқиса аз ҷумлаи нақшаи стротежии хусусигардонии корхонаҳои миёнаву бузург ва таҷдиди сохтор кардани монополияҳои табиъӣ ва корхонаҳои махсусан азими Тоҷикистон барои солҳои 2003 – 2007 мебошад, ки бар тибқи ин нақша бояд 37 корхонаву муассисоти бузурги кишвар хусусӣ шуда ва таҷдиди сохтор намоянд.
Охир мебахшен Кормандои идораи замин барои ичозати замин 20000 сомони талаб мекунен мардуми нодор кучо дора икарад пули калони якчоя, камтар шуморам фикри мардуми нодира кунен, сабуктар кунен ичозатгирира барои сохтмони хона ....
Чанги Озарбойчону Арманистонро тахлил карда хулосабарори бояд намуд. Барои яроки хозиразамон сарбозу афсарони хозиразамон лозим.
Пароканда лашкар наояд ба кор Дусад марди ҷанги беш аз сад ҳазор Миллати тоҷик ҳамеша барои миллати худ қаҳрамониҳо кардааст, мекунад ва оянда хоҳад кард.Барои он, ки ғурури миллӣ дорад.Он сафсатаҳое, ки нисбати артиши мо мегуянд ин суханони нотавонбинон ва душманони миллати мо ҳастанд.
Хариду фуруши конунии одамон...
Як тоҷир шаҳраки Ҷуйбодом мехост мактаб созад ва ба мардум супорад. Бо раиси маҳалла ва ҷамоат назди мудири маорифи н Рудаки рафтем. Мудир ман иҷозатнома мегирам ва ҳаққи ман чанд мешавад? Он тоҷир ин гапро шунид ва аз сохтани мактаб даст кашид. Як тоҷир дар Кулоб аз ҳисобаш мактаб сохт ва зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Тендерҳо барои сохтмон, нашри китобҳои дастӣ ҳама монополия зери қаноти оила аст. Як пашша 1 дирам наметавонад фоида биорад. То либоси мактабӣ пайванд ба оила аст. Қудоҳо, домодҳо ва набераҳо....