Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Вокуниши манфии Эрон ва Русия ба таҳримҳои Амрико

Вазорати хориҷаи Эрон таҳримҳои Амрикоро хилофи муқаррароти байналмиллилӣ хонд ва изҳори умедворӣ кард, ки ин таҳримҳо ноком хоҳанд монд. Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки таҳримҳои Амрико Эронро вориди тангно мекунад ва вазъ бадтар мешавад. Дируз Кондолиза Райс-вазири умури хориҷй ва Ҳенри Полсон-вазири дороии Амрико гуфтанд, ки Амрико бар зидди вазорати дифоъи Эрон, Сипоҳи посдорони инқилоб, ки Қудс низ ба он шомил аст ва ҳамчунин бар зидди се бонки Эрон таҳрим ҷорӣ мекунад. Вазорати умури хориҷии Бритониё низ дар эъломияе гуфт, ки аз ин таҳримҳо ва аз таҳримҳои шадидтари Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Эрон ҳимоят мекунад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Муҳаммад Ҷавод Зариф гуфт, Доналд Трамп "хато мекунад"

Муҳаммад Ҷавод Зариф дар нишасти амниятии Мюнхен дар Олмон. Акс аз рӯзи 15-уми феврали соли 2020.

Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон гуфт, агар Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бовар дорад, ки ҳукумати Эрон зери фишори афзояндаи иқтисодӣ аз ҳам мепошад, пас тавсияҳои нодуруст мегирад. Ӯ рӯзи 15-уми феврал дар конфронси амниятии Мюнхен дар Олмон гуфт:

“Раиси ҷумҳур Трампро мутмаин кардаанд, ки мо ба зудӣ аз ҳам мепошем ва барои ҳамин ӯ бо режими дар ҳоли фурӯ рехтан гуфтугӯ намекунад. Фикр мекунам, нодуруст мегӯяд. Онҳо мегӯянд, ки дар пайи тағйири режим нестанд, вале дар асл ҳаминро мехоҳанд ва дар 41 соли гузашта хостаанд. Ва дар 41 соли гузашта ноком шудаанд. Онҳо бояд фақат воқеияти Эрон дар минтақаро эътироф кунанд.

Доналд Трамп баъди берун кардани Амрико аз созиши атомӣ бо Эрон дар соли 2018 таҳримоти фарогири иқтисодӣ ба зидди ин кишварро барқарор кард. Ба қавли ӯ созиш ба қадри кофӣ сахтгирона нест ва монеи дастёбии Эрон ба бомби атомӣ намешавад. Таҳримот дар як соли ахир ба иқтисодиёти Эрон осеби зиёд расонд ва пули кишварро беқурб кард.

Нӯҳ нашъаманди бехонаро дар шаҳри Кобул куштаанд

Маъмурони амниятӣ ҳангоми дастгир кардани мӯътодони маводи мухаддир дар Кобул. Акс аз 24-уми октябри соли 2017.

Афроди мусаллаҳ дар шаҳри Кобул 9 мӯътоди маводи мухаддири бехонаро бо зарби тири туфанг куштаанд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки ҳодиса шоми 15-уми феврал рух додааст. Фаромарзи Таманно сухангӯи пулис гуфт, яке аз мӯътодонро захмӣ пайдо карда ва ба шифохона бурдаанд. Сабабҳои қатли нашъамандон маълум нест. Пулис ба таҳқиқи ҳодиса шуруъ кардааст.

Истеъмоли маводи мухаддир дар Афғонистони ҷангзада, ки бузургтарин тавлидкунандаи ҳероин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, рӯ ба афзоиш овардаст. Як таҳқиқи саросарӣ нишон додааст, ки дар ҳамсоякишвари 37 миллионнафарии Тоҷикистон тақрибан аз 3 то 3 миллиону 600 ҳазор нафар маводи мухаддир истифода мебаранд.

Бекории густурда, набуди хадамоти муносиби иҷтимоӣ ва ҳам дастрасии осон ба маводи мухаддир ба гуфтаи Шукур Ҳайдарӣ, муовини вазири мубориза бо маводи мухаддир сабаби ин “бӯҳрони иҷтимоӣ” дар Афғонистон шудааст.

Вазири амрикоӣ, созиш бо Толибонро "умедворкунанда" номид

Марк Эспер ҳангоми суханронӣ дар конфронси амниятии Мюнхен. 15-уми феврали соли 2020.

Марк Эспер, вазири дифои Амрико гуфт, созиши кишвараш ва Толибон барои коҳиши якҳафтаинаи хушунат дар Афғонистон “бисёр умедворкунанда” ба назар мерасад, аммо аз хатар орӣ нест.” Ӯ рӯзи 15-уми феврал дар конфронси амниятии Мюнхен дар Олмон гуфт, фурсати он расидааст, ки барои хотимаи ҷанги тақрибан 19-сола аз роҳи ҳалли сиёсӣ “ба сулҳ имкон бидиҳем.” Айни замон ӯ афзуд: “Яъне бояд хатарҳоеро ҳам пазируфт.”

Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 15-уми феврал гуфт, созиш шарту шароит дорад ва зоҳиран ҳафтаҳои наздик ниҳоӣ мешавад. Дар баёния омадааст, як мақоми Амрико ба Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки Толибон омодаи “даст кашидан аз хушунат ва пазируфтани як ҷомеаи гуногунандеш” ҳастанд.

Муҳоҷирон бо пулиси Босния ҷанҷолу кашмакаш карданд

Муҳоҷире дар урдӯгоҳи Мирал дар шаҳри Велика Кладуса. Акс аз 14-уми феврали соли 2020.

Садҳо муҳоҷир бо талош барои тарки як урдӯгоҳи паноҳандагон дар Босния ва Ҳерсеговина бо маъмурони пулис даст ба гиребон шудаанд. Онҳо айни замон аз шароити бади урдӯгоҳ ва бадрафтории посбонҳои марзи Хорватия эътироз доштаанд. Ҳоло маълум нест, касе маҷруҳ шудааст, ё на. Ҷанҷолу кашмакаш рӯзи 15-уми феврал дар урдӯгоҳи Мирал дар ғарби Босния ва дар 10 километрии марзи Хорватия рух дод. Дар урдӯгоҳ, ки барои 300 нафар ҷой дорад, 1000 муҳоҷирро нигаҳ медоштаанд.

Хабаргузории “Рейтерс” гузориш дод, ки баъзе аз муҳоҷирон, “Озодӣ”, “Пули моро баргардонед” ва “Дигар моро назанед” фарёд мекашиданд. Аксарияти ин муҳоҷирон аз рафтори посбонҳои марзи Хорватия шикоят кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо, ҳангоми саъйи муҳоҷирон барои убур бо онҳо бадрафторӣ карда, пас гардондаанд.

Салам Бату, яке аз муҳоҷирон бо “Рейтерс” гуфтааст, ки дар гузаргоҳи марзӣ, маъмурони амниятии Хорватия либосҳои онҳоро кашидаанд ва “ҳама чизашонро гирифтаанд.” Мақомоти Хорватия ин иддаоҳоро рад кардаанд. Ба гуфтаи ҳукумати Босния аз соли 2019 то кунун тақрибан 50 ҳазор муҳоҷир аксаран аз Покистону Афғонистон, Ироқу Марокаш ва Сурия барои расидан ба кишварҳои ғарбии Иттиҳодияи Аврупо аз қаламрави Босния ва Ҳерсеговина убур кардаанд. Тақрибан 6 ҳазор нафари онҳо мондаанд ва дар урдӯгоҳу паногоҳҳои мувақаттӣ нигаҳ дошта мешаванд.

Cтолтенберг пешниҳоди Эммануел Макронро рад кард

Йенс Столтенберг ҳангоми суханронӣ дар як нишасти хабарӣ дар Брюссел дар рӯзи 13-умти феврали соли 2020.

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, пешниҳоди Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронсаро рад кард, ки хост, аслиҳаи атомии Фаронса ба маҳаки стротегияи мудофиаи Аврупо табдил дода шавад. Ӯ гуфт, чатри муҳофизатии муассири Амрико Бритониё, ки барои Аврупо то ҳол буд, кофист.

Йенс Столтенберг рӯзи 15-уми феврал дар шаҳри Мюнхени Олмон ба хабарнигорон гуфт, чатри муҳофизатии ҳастаие, ки то ҳол 28 кишвари Иттиҳодияи Аврупо доранд, “Озмоишу имтиҳон карда шудааст ва кафолати ниҳоии амнияти Аврупо аст.” Айни замон ӯ Фаронсаро, як ҳампаймони соҳибэҳтироми НАТО номид, ки ба қавли ӯ тавоноии атомиаш дар таъмини амнияти умумии кишварҳои узв кӯмак кардааст.

Эманнуел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса бо назардошти хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо талош дорад, ки низоми мудофиавии Иттиҳодияи Аврупо бознигарӣ шавад. Фаронса ягона узви мусаллаҳ бо бомби атомӣ дар иттиҳодия мондааст ва Эманнуэл Макрон мехоҳад, Аврупо дигар ба замонатҳои амниятии Амрико ҳам такя накунад ва стротегияи мустақили мудофиавӣ дошта бошад. Фаронса агарчӣ узви НАТО аст, вале бомбҳои атомии худро барои муҳофизати аъзои дигари созмон пешниҳод намекунад.

Вокуниши як мақоми марзбонии Қирғизистон ба изҳороти генерали тоҷик

Абдукарим Олимбоев (дар байн аз тарафи рост) ҳамроҳи ҳамтоёнаш аз Тоҷикистон. Моҳи декабри соли 2019

Як мақоми баландпояи нирӯҳои марзбонии Қирғизистон ба суханони генерал Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар бораи мақоми Бодканд вокуниш кард.

Абдукарим Олимбоев, сардори ситод ва муовини аввали раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон, рӯзи 15-уми феврал ба расонаҳои кишвараш гуфтааст, "Бодканд ҳеч гоҳ аз тоҷикон набуд ва нахоҳад шуд. Бодканд аз аввал замини қирғизҳо буд ва аз қадим боз мардуми қирғиз дар онҷо зиндагӣ мекунанд".

Вилояти Бодканд бо ноҳияи Исфара ҳаммарз аст ва аксар муноқишаҳои марзӣ байни сокинони ду минтақа рӯй медиҳад.

Бино ба гузориши расонаҳои Тоҷикистон, Абдулло Навҷувонов дар нишасти хабарии рӯзи 12-уми феврал дар Хуҷанд ба масъалаи муноқишаҳо дар марз бо Қирғизистон дахл карда ва гуфтааст: "Агар таърихро варақгардон кунем, дар гузашта Бодканд ҳеч гоҳ замини қирғизҳо набуд. Гузаштагони тоҷикон қирғизҳоро ба Бодканд оварданду замин доданд ва имрӯз ин барои ҷониби Тоҷикистон мушкилофар шуд".

Абудкарим Олимбоев дар вокуниш ба ин изҳорот гуфтааст, "ман ҳам метавонам изҳор дорам, ки ҳудуди Ворух ва Чоркӯҳ пурра ба Қирғизистон рабт дорад. Аммо бояд фаҳмем, ки масъалаи қаламрав – масъалаи бисёр нозуку ҳассос аст. Ҳалли ин масъала ба тақдири ҳазорон мардуме, ки дар минтақаҳои наздимарзӣ зиндагӣ мекунанд, рабт мегирад."

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон бо норизоиятӣ аз суханони генерали тоҷик рӯзи 14-уми феврал сафири Тоҷикистон дар Бишкек Назирмад Ализодаро ба ин ниҳод даъват кард. Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, умевдоранд Душанбе ба ин масъала вокуниши муносиб мекунад ва дигар ин иттифоқ такрор намешавад.

Тоҷикистон ҳанӯз ба ин мавзуъ вокуниш накардааст.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 60 дарсадаш муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Миёни ду кишвар тақрибан ҳафтод минтақаи баҳсӣ ва муайяннашудаи марзӣ мондааст.

Муайян набудани хатти марз борҳо боиси сар задани муноқиша миёни шаҳрвандони ду кишвар ва бахусус байни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон шудааст.

"Гурӯҳи 24" пуштибониашро аз ҲСДТ ва номзадҳои он эълон кард

Дар акс: Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва Сӯҳроби Зафар, раиси ҷунбиши фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24"

Як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа пуштибонии худро аз Ҳизби сотсиал-демократ ва номзадҳои он дар интихоботи порлумонии моҳи март эълон кард.

"Гурӯҳи 24" рӯзи 10-уми феврал бо нашри баёнияе аз аъзову намояндаҳо ва ҳаводоронаш хост, ки нисбат ба интихобот ва номзадҳои ҲСДТ бетараф набошанд. "Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ягона ҳизби мустақили сабтиномшуда дар Тоҷикистон ва шоистаи пуштибонӣ дар интихобот аст", -- гуфта шудааст дар баёния.

Фаъолияти "Гурӯҳи 24" шаш сол боз дар Тоҷикистон мамнуъст. Масъулони созмон фаъолиятҳои худро сиёсӣ медонанд, аммо мақомоти тоҷик экстремистӣ эътироф кардаанд.

Вокуниши раҳбарияти Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба эълони "Гурӯҳи 24" ҳанӯз маълум нест.

Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 1-уми марти имсол баргузор мешавад. Масъулони Кумисюни марказии интихобот гуфтанд, 241 номзад вориди сабқат шудаанд ва барои соҳибӣ ба 63 курсии вакили Маҷлиси Намояндагон талош доранд.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба ин сабқат бо панҷ номзад ворид шудааст, ки дар садри он Раҳматилло Зоиров, раиси ҳизб қарор дорад.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон то ин дам дар порлумон ҳеч курсӣ надошт. Дар интихоботҳои гузашта мақомот гуфта буданд, ки ҳизб овози заруриро ба даст наовардааст. Раҳбарияти ҲСДТ бовар дорад, ройи тарафдорони онҳо "дуздидаанд".

Фаъолияти "Гурӯҳи 24", ки ҳамакнун аз Ҳизби сотсиал-демократ дар ҷараёни интихоботи порлумонӣ ҳимоят кардааст, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олӣ манъ шуд. Ин созмонро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст, ки соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд.

То кунун даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми узвият ва тарафдорӣ аз ин ҷунбиш дастгиру зиндонӣ шудаанд.

Як гуруҳ аз аъзои пешини ин гуруҳ баъди бозгашт ба Тоҷикистон афв шудаанд ва соли гузашта дар номае аз Додгоҳи олӣ хостанд, ки фаъолияти созмонро иҷоза бидиҳад, аммо дархости онҳо рад шуд.

Солҳои охир раҳбарони “Гурӯҳи 24” бештар тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти худ идома медиҳанд. Онҳо асосан дар Туркияву Русия ва кишварҳои аврупоӣ ҳузур доранд.

Помпео гуфт, Амрико ба Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ $1 млрд медиҳад

Майк Помпео ҳангоми суханронӣ дар нишасти амниятии Мюнхен

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт, Вашингтон ба Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ як миллиард доллар кумак мекунад, то аз вобастагии минтақа ба энержии Русия пешгирӣ шавад.

Помпео инро дар суханронии рӯзи 15-уми феврал дар нишасти амниятии Мюнхен баён кард.

Ӯ афзуд, кумаки молии Вашингтон тавассути барномаи "Ибтикори се баҳр" ҷудо карда мешавад.

Дар миёни баҳрҳои Сиёҳ, Адреатикӣ ва Балтика, 12 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ҷойгир ҳастанд.

Ин ибтикор барои ончи бархе аз мақомҳои ғарбӣ муқобила бо хатари вобастагии беш аз ҳад ба энержии Русия хондаанд, рӯйи даст гирифта шудааст.

Русия бузургтарин таъминкунандаи гази табиӣ ва нафт ба Аврупо ба шумор меравад.

Зариф: Эрон барои иҷрои пурраи созишномаи ҳастаӣ шарт дорад

Муҳаммадҷавод Зариф

Муҳамадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, рӯзи 14-уми феврал дар ҳошияи нишасти амниятии Мюнхен гуфт, дар сурате ки Аврупо кумакҳои иқтисодии муҳимро барои Эрон фароҳам созад, кишвараш моил хоҳад буд, созишномаи ҳастаии соли 2015-ро пурра иҷро кунад.

Теҳрон пеш аз ин гуфта буд, ки худро ба амалӣ кардани масъулиятҳояш дар ин тавофуқнома вазифадор намедонад. Зариф мегӯяд, Теҳрон ба далели таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида зарари ҷуброннопазир дидааст. Бо вуҷуди он, ба гуфтаи ӯ, агар Аврупо иқдомоти ҷиддие бигирад, Эрон ҳам қадамҳоеро барои амалӣ кардани ин созишнома мегузорад.

Вазири коорҳои хориҷии Эрон дар идома афзуд, мавзӯи баҳрагирии иқтисодии Эрон аз имтиёзҳои тавофуқномаи ҳастаии соли 2015 ба маънои дарёфти кумакҳои хайрия нест, балки масаълаи марбут ба ҳаққи мардуми Эрон аст.

Эрон ва шаш қудрати ҷаҳон дар соли 2015 созишнмоаи ҳастаиро имзо карда буданд.

Бритониё, Фаронса ва Олмон аз имзокунандаҳои ин созишнома дар талош ҳастанд, то онро ҳифз кунанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, пас аз инки кишварашро дар соли 2018 аз ин тавофуқнома беррун кашид, ба зидди Теҳрон таҳримҳои сахте ҷорӣ кард.

Дар Руминия як гурӯҳ наврасонро ба ҳайси ғулом истифода кардаанд

Парчами Руминия

Додситони кулли Руминия 12 нафар, аз ҷумла як зан ва шавҳари олмониашро муттаҳам кард, ки аз наврасон ба ҳайси барда ё ғулом истифода кардаанд.

Ба гуфтаи додситон, ин афрод дар солҳои 2014-2019 як гуруҳ аз наврасони аз 12 то 18-соларо ба таври қочоқӣ ба як маркази тарбиявӣ бурда, дар онҷо шиканҷа кардаанд.

Ин маркази таълиму тарбияи кӯдакон дар шимоли Руминия бо кумаки ҳукумати Олмон сохта шудааст.

Мақомот баъд аз ҳашти моҳи таҳқиқот кормандони ин марказро ба дуздии кӯдакон ва маҳрум кардани онҳо аз озодӣ ва пулшӯйӣ муттаҳам карда, парвандаашонро барои муҳокима ба додгоҳ фиристодаанд.

Барканорӣ ва мансаби нави Зайнулло Шарифзода (Соҳибов)

Зайнулло Шарифзода (Соҳибов)

Зайнулло Шарифзода (Соҳибов), бародари Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, раиси Оҷонси хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумат таъин шуд. Қарор дар ин бора рӯзи 14-уми феврал содир гардид.

Зайнулло Шарифзода аз моҳи декабри соли 2013 то ин дам ба ҳайси раиси корхонаи "Сементи Тоҷик" кор мекард. Айни замон номзад аз Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ба мақоми вакили Маҷлиси шаҳри Душанбе аст.

Ӯ 37 сол дорад ва шуъбаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтарро хатм кардааст. Пештар дар вазифаи ноиби мудири кулли "Тоҷикхимпром"-и ноҳияи Ёвон ва мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Мухолифон ҳузури зиёди хешутабори раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар мақомҳои давлатӣ танқид мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар мансабгирии наздикони президент робитаи хешутаборӣ нақши муҳим дорад, чизе, ки мақомот ҳамеша рад кардаанд.

Ҳоли ҳозир Рустами Эмомалӣ, писари президенти Тоҷикистон, дар мансаби раиси шаҳри Душанбе ва духтараш Озода Раҳмон дар мақоми раиси Дастгоҳи иҷроияи президент, ҳастанд.

Домодаш Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали раиси Бонки Миллӣ ва додарарӯсаш Ҳасан Асадуллозода раиси "Ориёнбонк" мебошанд.

Зарина Раҳмон, яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси “Ориёнбонк” ​ва духтари дигараш Рухшона Раҳмонова муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аст.

Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳур, муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аст. Дар феҳрасти ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқии Кумитаи андоз номи ӯ ба ҳайси муассиси Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Фароз" сабт шудааст.

Бег Сабур, қудои президент, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ба ин тараф ҷилави қудратро дар Тоҷикистон дар даст дорад. Мухолифон ва созмону кишварҳои ғарбӣ ӯро барои саркӯби дигарандешон ва маҳдудиятҳои озодии баёну эътиқод танқид мекунанд. Ҷонибдоронаш хатми ҷанги дохилӣ, сохтмони роҳҳо ва нирӯгоҳҳоро аз комёбиҳои раиси ҷумҳур медонанд.

Дар Хатлон аз қарздории ширкати наздикони Муродалӣ Алимардон гуфтанд

Ёқуб Саидзода, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Раиси яке аз ноҳияҳо дар ҷануби Тоҷикистон ширкати мутааллиқ ба афроди Муродалӣ Алимардон, раиси "Агроинвестбонк" ва муовини пешини нахуствазири Тоҷикистонро ба напардохтани беш аз якуним миллион сомонӣ, баробар ба тақрибан 150 ҳазор доллар муттаҳам кард.

Ёқуб Саидзода, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 14-уми феврал гуфт, ширкати "Баракати Ҷомӣ" пули обу барқ ва молиётро надодааст.

Назари масъулони ширкат феълан маълум нест.

Раиси ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, қарздории ширкат сабаб шудааст, ки нақшаи андозро иҷро карда натавонанд.

"Тибқи қарори ҳукумат хоҷагии тухмипарвар доранд ва бояд тухмии хушсифат тавлид кунанд. Дар дохил боз ширкати зотпарварӣ ҳам доранд", -- гуфт Ёқуб Саидзода.

Дар як ҳафтаи ахир бори дувум аст, ки раисони ҳукуматҳои ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ду мақомдори тоҷик барои қарздориашон аз андоз шикоят мекунанд.

Ҳафтаи гузашта раиси шаҳри Кӯлоб хабарнигорон гуфт, ширкати хонасозии мутааллиқ ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистон беш аз чорсад ҳазор доллар андозро напардохтааст. Баҳром Иноятзода таҳдид кард, ки агар ин пулро ба зудӣ напардозанд, "аз роҳҳои дигар истифода хоҳанд кард". Намояндагони ширкат қарздории худро эътироф карданд ва онро ҳалшаванда хонданд.

Даъвати сафири Тоҷикистон ба ВКХ-и Қирғизистон барои гуфтаҳои генерал Навҷувонов

Абдулло Навҷувонов дар байн

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон нисбат ба гуфтаҳои генерал Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, дар бораи мақоми Бодканд ибрози нигаронӣ кардааст.

Расонаҳои Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал гузориш доданд, ки Навҷувонов дар нишасти матбуотӣ Бодкандро сарзамини қирғизҳо эътироф накардааст.

Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 14-уми феврал Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар ин кишварро даъват кардаанд. Дафтари матбуотии вазорат гуфт, дар ин суҳбат ҷониби Бишкек нигаронии худро дар робита ба суханони мақоми баландпояи тоҷик баён дошт.

Бино ба ин иттилоия, Навҷувонов дар нишасти хабарии ду рӯз пеш гуфтааст, "агар таърихро варақ занем, дар гузашта Бодканд ҳеч гоҳ замини қирғизҳо набуд". Ӯ инчунин гуфтааст, "гузаштагони тоҷикон қирғизҳоро ба Бодканд оварданду ба онҳо замин доданд ва имрӯз ин барои ҷониби Тоҷикистон мушкилофар шуд".

Хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи 12-уми феврал гузориш дод, ки генерал Абдулло Навҷувонов дар нишасти хабарии Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба муноқишаҳо дар марз бо Қирғизистон дахл кардааст. Ӯ дар бораи инки ин мушкилот аз куҷо пайдо шуд, гуфтааст, "инро барои мо гузаштагон ба мерос монданд".

Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар Бишкек бо президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков
Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар Бишкек бо президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков

Дар изҳороти ҷониби Қирғизистон омадааст, "раҳбари мақомоти қудратии вилояти Суғди Тоҷикистон ба таҳрифи таърих ва тақаллуби фактҳо машғул аст". Вазорат мегӯяд, дар ин суҳбат ба сафири Тоҷикистон таъкид шудааст, ки чунин гуфтаҳои мақоми баландпоя ва бахусус намояндаи ниҳоди қудратӣ ҷоиз нест.

Вазорат афзудааст, баръакс ҷонибҳо бо супориши раиси ҷумҳурони ду кишвар барои пешгирӣ аз иғвоҳо ва изҳороти моҷаробарангез бояд кор баранд.

Ҷониби Қирғизистон гуфтааст, умед дорад, Душанбе ба ин масъала вокуниши муносиб мекунад ва дар оянда ин иттифоқ дигар такрор намешавад.

Тоҷикистон ҳанӯз ба ин мавзуъ вокуниш накардааст.

Абдулло Навҷувонов моҳи январи имсол ба мақоми сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд таъин шуд. Вай қаблан дар мансаби муовини вазири корҳои дохилӣ фаъолият дошт.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 60 дарсадаш муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Миёни ду кишвар тақрибан ҳафтод минтақаи баҳсӣ ва муайяннашудаи марзӣ мондааст.

Муайян набудани хатти марз борҳо боиси сар задани муноқиша миёни шаҳрвандони ду кишвар ва бахусус байни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон шудааст.

Моҳи январи имсол ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Исфара ба мувофиқа расиданд, ки баъзе аз минтақаҳоро табодул мекунанд.

Баҳси вазъи печидаи ҷаҳон дар нишасти амниятии Мюнхен

Қарор аст, Майк Помпео – вазири корҳои хориҷӣ ва Марк Эспер – вазири дифои Амрико дар Мюнхен бо президенти Афғонистон суҳбат кунанд

Рӯзи 14-уми феврал наздик ба 35 роҳбари давлат ва ҳукумат, роҳбарони амниятӣ ва дипломатҳо барои иштирок дар Конфронси Амниятии Мюнхен гирди ҳам омаданд.

Ин конфронс замоне баргузор мешавад, ки кашмакашҳо миёни ҳампаймонон шиддат гирифта, зудухӯрдҳои хунин дар ҷойҳои дигар идома доранд.

Интизор меравад, президенти Фаронса Эммануэл Макрон, сарвазири Канада Ҷастин Трюдо ва дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ба ин рӯйдод, ки то 16-уми феврал давом мекунад, ҳамроҳ шаванд.

Дар рӯйхати дипломатҳои беҳтарин вазири корҳои хориҷии Амрико Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Чин Ван Йи ва вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф ҳастанд.

Конфронси солона чандест, ки гирдиҳамоии роҳбарони олии амниятии ҷаҳон аст ва гоҳе дар вақтҳои шиддат ёфтани муносибатҳои Амрико ва Аврупо, монанди баҳс дар бораи ҷанги Ироқ дар аввали соли 2003 баргузор шудааст. Аммо сатҳи кунунии кашмакашҳо фаротар аз солҳои гузашта аст ва доираи густардаи мавзуъҳоро дар бар мегирад.

Аз ҷумла, ихтилофҳо дар бораи сиёсатҳои вобаста ба Эрон ва хоҳишҳои президенти Амрико Доналд Трамп дар бораи он ки иттифоқчиёни аврупоӣ хароҷоти дифоъро барои сабук кардани бори андозсупорандагони амрикоӣ афзоиш диҳанд.

Тағйироти кадрӣ дар ҳукумат ва Додситонии кулли Тоҷикистон

Акс аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Рӯзи 14-уми феврали имсол дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ва Додситонии кулли кишвар тағйироти кадрӣ ваё, ба гуфтаи мунтақидон, "ҷойивазкунии кадрҳои куҳна" сурат гирифт.

Бино ба фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Ширин Исматуллозода муовинони нави сарвазир таъин шуданд.

Гулмаҳмадзода пештар дар мансаби раиси вилояти Хатлон кор кардааст. Як соли ахир раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон буд.

Ширин Исматуллозода мудири Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе буд.

Ҳамчунин дар ин рӯз президенти Тоҷикистон барои аз мансаби муовини аввали додситони кул озод кардани Ҳотам Назарзода ризоят додааст. Сабаби ин тасмимро "ба кори дигар гузаштан" гуфтанд.

Муҳаммадиброҳим Осимзода ва Валӣ Ваҳҳобов низ бо далели "ба кори дигар гузаштан" аз мансаби муовинони додситони кул озод шудаанд.

Ҳоло номзадии Абдуғаффор Ҳикматуллозода ба мақоми муовини аввал ва Дилшод Талбакзода ва Абдураҳим Раҳимзода ба мақоми муовинони додситони кул ба Маҷлиси Миллӣ пешниҳод шудааст. Палатаи болоии порлумон бояд номзадии онҳоро тасдиқ кунад.

Рӯзи ҷумъа додситонҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино низ иваз шуда, дар прокуратураи чанд ноҳияи дигар тағйирот сурат гирифтааст.

Соли 2020 барои ҳукумати Тоҷикистон бо ҷобаҷогузории кадрӣ оғоз шуд. Аммо дар баробари навсозии ҳайати ҳукумат ҳамчунин ҷойивазкунии кадрҳо сурат гирифт, ки дар натиҷа аксари таъиншудаҳо ҷойи пешини худро тағйир доданд.

Бархе коршиносон инро як таҷрибаи маъмулии мудирияти давлат медонанд, баъзеи дигар инро як нишонаи рӯшани қудратгаройӣ ва набуди имкони ҷалб шудани чеҳраҳои нав ба низом медонанд.

Афви Байналмилал аз Э.Раҳмон раҳоии фаврии Далер Шарифовро хост

Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷик.

Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) бо фиристодани номае ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, хостори озодии фаврӣ ва бе қайду шарти рӯзноманигор Далер Шарифов шудааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон Далер Шарифовро рӯзи 28-уми январ дастгир карданд. Ӯ ба "барангехтани кинаву адовати динӣ" муттаҳам аст ва ҳоло барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шудааст.

Вакили дифоъ ва наздикони Далер Шарифов ҳама иттиҳомотро нисбат ба ӯ рад мекунанд.

Дар номаи созмони Афви Байналмилал ба Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 13-уми феврал нашр шуд, гуфта мешавад, "Далер Шарифов ҳеч ҷинояте содир накардааст ва танҳо тавассути навиштаҳои интиқодиаш, аз ҳаққи озодии баён истифода кардааст".

Дар нома гуфта шудааст, ки иттиҳоми "барангехтани кинаву адовати динӣ" нисбат ба Далер Шарифов бекор ва ӯ бояд фавран ва бидуни ҳеч шарт раҳо карда шавад.

Созмони Афви Байналмилал айни замон аз он нигаронӣ кардааст, ки ин рӯзноманигор метавонад дар боздоштгоҳ зери шиканҷа қарор гирад. Ин созмон аз президенти Тоҷикистон хостааст, ҷиҳати дастрасии вакили муддофеъ ба Далер Шарифов чора биандешад.

Аз ин қабл шуморе аз созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ва ҳомии рӯзноманигорон аз Тоҷикистон хоста буданд, ки рӯзноманигорро раҳо кунад. Аз ҷумла, Созмони Авфи Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон ва Кумитаи Норвегии Ҳелсинки рӯзи 11-уми феврал бо нашри баёнияи муштарак аз мақомот хостанд, кафолат бидиҳанд, ки бо Далер Шарифов бадрафторӣ сурат намегирад.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ), қароргоҳаш дар Ню-Йорк низ рӯзи 6-уми феврал бо нашри изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон хост, рӯзноманигор Далер Шарифовро бе таъхир раҳо карда, иттиҳомоти ба зидди ӯро бекор намоянд. Созмон ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон хост, ба Далер Шарифов иҷоза диҳанд, ки бидуни ҳеч гуна мамониат ба фаъолияти худ идома диҳад.

Дар аввали моҳи ҷорӣ ҳашт созмони хабарнигорӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, даҳҳо журналист ва низ масъули бахши озодии матбуотии САҲА озодии Далер Шарифовро талаб карда буданд.

Далер Шарифов 32-сола аст ва қаблан дар телевизиони "Сафина" ва ҳафтаномаи "Озодагон" кор кардааст.

Боздошти 161 нафар бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ дар Тоҷикистон

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ. 14-уми феврали 2020

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, дар соли гузашта 161 нафарро бо иттиҳоми узвият дар гуруҳҳои террористӣ ва ифротгаро дастгир кардаанд. Рамазон Раҳимзода рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, қисми бештари ин афрод ба узвият дар гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ", ҳаракати “Салафия” ва Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ муттаҳам мешаванд. Назари наздикон ва вакилони боздоштшудаҳо феълан дастрас нест, аммо дар гузашта баъзе афроди муттаҳам ба ифротгароӣ худро бегуноҳ хонда, қазияашонро сиёсӣ гуфта буданд.

Ба қавли Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, аз 161 нафаре, ки ба узвият дар гуруҳҳои террористӣ ва ифротгаро муттаҳаманд, 50 нафарашон дар хориҷа дастгир шуда, ба кишвар оварда шудаанд.

Нисфе аз боздоштшудаҳо, ба гуфтаи вазир, ҷавон ҳастанд. Раҳимзода шумори афроди дастгиршударо чунин баршумурд:

  • 81 узви “Давлати исломӣ”,
  • 54 узви “Салафия”,
  • 8 узви ҲНИТ,
  • 3 увзи “Ҷамоати Ансоруллоҳ,
  • 2 узви “Ҳаракати исломии Туркистон”,
  • 1 узви “Ал-Қоида”
  • 1 узви Толибон.

Назари муттаҳамон ва пайвандону вакилони дифои муттаҳамон феълан маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар хориҷ аз кишвар қарор дорад, рӯзи 14-уми феврал дар номае ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "инки 8 узви ҲНИТ дар соли гузашта боздошт шудааст, наметавонем дақиқ чизе бигӯем, зеро ному насаби онҳо эълон нашудааст. Дар гузашта афродеро ҳамчун узви ҲНИТ боздошт ва эълон карда буданд, ки аслан ба ҲНИТ рабт надоштанд ё солҳо пеш сафи онро тарк карда буданд."

Айни замон, ба навиштаи онҳо, "ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дошт ва ҳазорон нафар тарки кишвар карда, боқӣ дар дохили кишвар ҳастанд. Ҳукумат ҳам бо онҳо ҳамчун гаравгон муносибат мекунад ва ҳар вақт лозим шуд метавонад ҳар яки онҳоро боздошт кунад."

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон Тоҷикистонро барои он танқид мекунанд, ки бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ озодиҳои мазҳабиро дар кишвар маҳдуд мекунад. Интиқоде, ки мақомот онро рад мекунанд.

Тибқи омори вазири корҳои дохилӣ масъулони ин ниҳод дар соли гузашта аз 2 талоши анҷоми амалҳои террористӣ пешгирӣ кардаанд. Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД гуфт, ҳардуи ин амалҳо аз ҷониби пайравони гуруҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” ба нақша гирифта шуд.

Ба гуфтаи Ҳафиззода, афроди боздошшуда мехостаанд амалҳои худро дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ анҷом диҳанд. Тасдиқи он аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст. Шодӣ Ҳафиззода низ дар бора ин ҳамлаҳо ҷузъиёт надод.

Соли гузашта дар Тоҷикистон ду ҳодисае рух дод, ки мақомот онҳоро амали террористӣ гуфтанд. Ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат дар моҳи май ва ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод” дар моҳи ноябри соли 2019, ки гуруҳи “Давлати исломӣ” масъулияти ҳардуи онро ба уҳда гирифт. Вале гурӯҳ ё созмонҳои мустақил ҳанӯз имкони таҳқиқи бетарафонаи ҳодисаҳоро надоранд.

Дар Тошканд барои мардикорзанон марказ таъсис шуд

Акс аз бойгонӣ.

Дар ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканди Узбекистон маркази наве барои занони мардикор таъсис шуд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.

Дар маросими кушоиши марказ намояндагони расмии Кумитаи занони Узбекистон ва Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ширкат карданд.

Дар марказ ошхона, иҷораи таҷҳизоти корӣ, иттилоъ дар бораи ҳифзи меҳнат ва имконот барои фароғат фароҳам оварда шудааст.

Нозим Ҳусанов, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Узбекистон гуфт, кормандони маркази нав ба занҳо дар пайдо кардани кори муваққат тавассути барнома ё замимаи махсуси мобилӣ кумак мерасонанд.

Ба иттилои вазир, давоми соли ҷорӣ дар шаҳр ва вилояти Тошканд шаш маркази дигари кумак ба мардикорон таъсис хоҳад шуд. Интизор меравад, дар сурати зарурат дар марказҳои маъмурии минтақаҳои дигари Узбекистон чунин марказҳо таъсис шаванд.

Бекории тӯлонӣ дар Узбекистон боис гардид, ки дар бархе аз минтақаҳои ин кишвар бозорҳои худҷӯши мардикорзанон таъсис шавад. Ин бори аввал аст, ки мақомоти Узбекистон мавҷудияти мардикорзанонро эътироф ва барои онҳо шароит фароҳам меоранд.

Демократҳо мехоҳанд, Трампро аз ҳаққи истифодаи артиш зидди Эрон маҳрум кунанд

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико.

Сенати ИМА қатъномаеро қабул кард, ки бар асоси он президенти Амрико наметавонад, бидуни розигии Конгресс аз артиши ИМА дар амалиёти низомии зидди Эрон истифода кунад. Сенати ИМА қатъномаро рӯзи панҷшанбе қабул кард.

Пештар аз ин ҳуҷҷати мазкур аз сӯи Палатаи намояндагон қабул шуда буд. Дар Сенат ба ҷонибдорӣ аз қатънома 47 демократ ва 8 ҷумҳурихоҳ раъй дод. Ба ин тартиб, ҳуҷҷат бо 55 раъйи мусбат қабул шуд. Ҳамзамон 45 вакили Сенати ИМА зидди ҳуҷҷати мазкур раъй дод.

Ҷумҳурихоҳоне, ки ба ҷонибдорӣ аз қатънома раъй доданд, амалан зидди президенте садо баланд карданд, ки аз ҳизби ҷумҳурихоҳ интихоб шудааст. Доналд Трамп пештар аз вакилон даъват карда буд, ки ба қатънома раъйи мусбат надиҳанд.

"Барои амнияти кишварамон хеле муҳим аст, ки Сенати ИМА зидди қатъномаи кам кардани салоҳиятҳои президент дар баробари Эрон, раъй диҳад. Мавқеи мо дар муносибат бо Эрон қавӣ аст ва ҳоло марҳилае нест, ки заъф нишон дода шавад",-навишт дар Трамп дар саҳифаи "Твиттер".

Интизор меравад, ки Трамп ба қатънома вето мегузорад ва Сенат эҳтимолан наметавонад, ветои президентро нодида бигирад. Барои қабули қатънома на камтар аз 67 раъй зарурист.

Маҷлиси намояндагони ИМА қатъномаро дар моҳи январ, дар авҷи танишҳои байни ИМА ва Эрон қабул кард. Дар оғози моҳи январ генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ аз сӯи неруҳои ИМА дар наздики фурудгоҳи Бағдоди Ироқ кушта шуд.

Ташаббускорони қатънома - вакилони демократи ИМА мегӯянд, намехоҳанд, ки байни ИМА ва Эрон ҷанги густардае сар занад. Онҳо бовар доранд, тасмимгириҳои Трамп метавонад, боиси сар задани ҷанг шавад. Аксарияти ҷумҳурихоҳон ҳам аз амалиёти зидди Қосим Сулаймонӣ ва ҳам аз ҳаққи президент дар лаҳзаи зарурат истифода кардани артиш зидди Эрон пуштибонӣ карданд.

Вокуниши ҳукумати Қазоқистон ба изҳороти набераи Назарбоев

Ойсултон Назарбоев - набераи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев.

Даврон Абаев, вазири иттилоот ва рушди иҷтимоии Қазоқистон ба навиштаи Фейсбукии Ойсултон Назарбоев - набераи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев вокуниш нишон дод.

Абаев дар барномаи "Гуфтугӯи ошкоро"-и телевизиони давлатии "Хабар"-и Қазоқистон навиштаҳои Ойсултонро шарҳ дод. Даврон Абаев дар барномаи телевизионӣ гуфт, ки ин "фоҷиаест барои модар", зеро вай чизе қимматтар аз фарзанд надорад.

Абаев ҳамчунин афзуд, "шарҳ доданд, такя кардан ба изҳори назари касе, ки аз муътодӣ табобат мегирад, ғайриахлоқӣ аст". Вай ҳамзамон гуфт, Ойсултон "зери таъсири афроди мушаххасе изҳори назар мекунад". Абаев даъват кард, ки "ин мавзуъ фаромӯш шавад" ва аз фоҷиаи инсоне "имтиёз касб карда нашавад".

Ойсултон Назарбоев, набераи президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки ҳоло дар шаҳри Лондон зиндагӣ мекунад, аз ҳукумати Бритониё паноҳандагии сиёсӣ хостааст.

Дар ин бора худи Ойсултон рӯзи 12-уми феврал дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук, ки дар онҷо бо номи "Ойсултон Роҳат" сабтином шудааст, хабар дод.

Набераи президенти пешини Қазоқистон дар изҳороти фейсбукиаш мегӯяд, дар бораи фасодкориҳои миёни ҳукуматҳои Русия ва Қазоқистон иттилоъ дорад.

Ӯ навиштааст, гази қазоқӣ ба "Газпром"-и Русия бо нархи паст тавассути як ширкати миёнарав фурӯхта мешавад. Ин ширкат, гӯё соле 1,5 миллион доллар даромад мебинад.

Ойсултон Назарбоев писари Дариға Назарбоева ва Роҳат Алиев аст. Ӯ Академияи низомии шоҳигарии Бритониёро хатм карда, ба раёсати ҷосусии Вазорати мудофиаи Қазоқистон ба кор қабул шуда буд.

Падари Ойсултон – Роҳат Алиев – собиқ дипломат ва мақомдори баландпояи ҳукумати Қазоқистон, баъди бад шудани равобиташ бо падарарӯси президенташ тарки кишвар кард ва дар Вена зиндагӣ ихтиёр намуд. Соли 2008 бо қарори додгоҳе дар Алмаато ғоибона ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Соли 2015 дар як зиндони Австрия ҷасади ӯ пайдо шуд ва фарзияи расмӣ ин аст, ки худкушӣ кардааст, вале наздиконаш ба ин бовар надоранд.

Қочоқи нашъа кам, вале "воридоти экстази ба Тоҷикистон афзудааст"

Шерхон Салимзода

Мақомоти Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон гуфтанд, ки соли гузашта ба хотири тақвияти ҳифзи марз бо Афғонистон қочоқи маводи мухаддир дуним баробар кам шуда, вале воридоти экстази ё ҳаб (таблетка)-ҳо аз Аврупо ба Тоҷикистон афзудааст.

Тибқи ҳисоби созмонҳои байналмиллалӣ тавассути “масири шимолӣ”, ки Тоҷикистон ба он ворид мешавад, соли гузашта 8 дарсади тавлидоти умумии маводи мухаддири Афғонистон интиқол дода шудааст.

Шерхон Салимзода, раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон, рӯзи 14-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт:

“Ин се сабаб дорад. Мақомоти Тоҷикистон ба хотири пешгирӣ аз таҳдидҳои террористӣ аз Афғонистон ҳифзи марзро тақвият доданд. Дувум, сохторҳои қудратӣ таҷрибаи харидҳои санҷишӣ ва интиқоли зери назорати маводи мухаддир аз қочоқчиён ба кишварҳои дигарро қатъ карданд. Севум, фаъолияти сохторҳои интизомӣ дар дохили Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз фурӯши маводди мухаддир пурзӯр карда шуд”.

Салимзода ба унвони мисол гуфт, танҳо дар соли гузашта дар Тоҷикистон кори ҳудуди сад нуқтаи фурӯши маводи мухаддир боздошта шудааст. Вай афзуд, агар солҳои пеш як кило афюн дар марз бо Афғонистон 300 доллар арзиш дошта бошад, ҳоло дар Душанбе нархи он то якуним ҳазор доллар боло рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, генерал Салимзода аз афзоиши қочоқи маводди мухаддири сунъӣ ё ҳабҳои экстази ба Тоҷикистон аз Аврупо изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи вай, агар панҷ сол пеш дар кишвар танҳо як дона аз ин ҳаб мусодира шуда бошад, соли гузашта ин рақам то ба шаш ҳазор дона расидааст.

Мақомоти Тоҷикистон иддао доранд, ки ҳабҳои экстази ба Тоҷикистон аз кишварҳои соҳили баҳри Балтика дар дохили мошинҳои дасти дувум ворид карда мешавад. Тасдиқи ин хабар аз манобеи мустақил феъллан ғайриимкон аст.

Ҷониби Тоҷикистон аз созмонҳои байналмиллалӣ ва шарикони рушд хостаат, маҳалли тавлиди маводди мухаддири маснӯиро барои кишвар мушаххас кунанд.

ВКД аз ҳукумат хост, муҳлати сабти симкортҳоро тамдид кунад

Мардум дар дафтари яке аз ширкатҳои мобилӣ барои сабти симкортҳо саф кашидаанд. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки муҳлати иваз кардани шиноснома барои сабти номи симкортҳо тамдид карда шавад. Муҳлати ивази шиносномаҳои куҳна ба шиносномаи соли 2014 ба хотири сабти ном симкорт рӯзи 15-уми феврал ба анҷом мерасад. Бархе ширкатҳои мобилӣ ҳушдор додаанд, ки дар сурати то ин сана сабти ном накардани симкорт бо шиносномаи нав, симкортҳо хомуш карда мешаванд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ рӯзи 14-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, аз ҳукумат дархост карданд, ки муҳлати иваз кардани шиносномаҳоро тамдид кунанд ва ин дархост феълан дар баррасии дастгоҳи иҷроияи президент аст.

Масъулини Хадамоти шиносномадиҳӣ низ гуфтанд, тибқи маълумоти расмӣ, феълан дар кишвар 3,5 миллион симкортҳое ҳастанд, ки бо шиносномаи куҳна сабти ном шудаанд. Аммо мақомот дар соли гузашта танҳо беш аз 1,2 миллион шиносномаро иваз кардаанд.

Тасмими бо шиносномаи нав сабти ном кардани симкортҳо моҳи феврали соли гузашта бар асоси як қарори ҳукумат шуруъ шуд. Ин тасмим аз оғоз интиқодҳои зиёдеро ба думбол дошт.

Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам дар охири моҳи январ гуфтанд, дар сурати то 15-уми феврали имсол сабтином накардан бо шиносномаҳои нав ё пластикӣ, мумкин аст, фаъолияти ин симкортҳо қатъ шавад. Сокинон мегӯянд, иваз кардани симкорту шиноснома пулу фурсат мехоҳад ва на ҳама ин имконро дорад.

Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, бояд ҳамаи симкортҳо дар Тоҷикистон бо шиносномаи нав ё пластикӣ сабтином шаванд. Ин тасмим дар соли гузашта анбӯҳи зиёди одамонро дар назди идораҳои шиносномадиҳӣ ҷамъ овард ва интиқодҳои зиёдеро дар пай дошт.

Соли гузашта бархе аз сокинон барои гирифтани шиносномаи нав ва сабти дубораи симкорт соату рӯзҳо дар пушти идораҳои шиносномадиҳӣ интизор мемонданд. Барои иваз кардани шиноснома 10 доллар ё наздики 100 сомонӣ зарур аст.

40 донишҷӯи қирғиз аз Чин ба ватан баргардонида шуданд

2020 Донишҷӯёни қирғизро аз Чин ба ватанашон баргардонданд. 12-уми феврали 2020.

Вазорати тандурустии Қирғизистон эълом кард, ки 40 донишҷӯи дигари ин кишвар аз Чин ба ватан оварда шуданд. Ин донишҷӯёнро тариқи парвози "Пекин-Алмато" ва бо дастгирии ҷониби Қазоқистон ба ватан баргардондаанд. Донишҷӯён ба хотири қатъи парвозҳо дар Урумчии Чин дармонда буданд.

Ба огаҳии вазорат, ҳамаи донишҷӯён дар беморхонаи махсус бистарӣ ва дар карантин нигаҳдорӣ хоҳанд шуд. Вазъашон қаноатбахш аст.

Дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар гузаргоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳҳои Қирғизистон назорати санитарӣ ба роҳ монда шудааст.

Шумори умумии онҳое, ки ба коронавирус гирифтор шудаанд, ҳудуди 60 ҳазор нафарро ташкил дода, беш аз 1 ҳазору 300 танашон ҷон бохтаанд. Ҳудуди шаш ҳазор одам шифо ёфтааст.

Дирӯз дар шаҳри Лондон низ нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд. Ба иттилои Бӣ-Бӣ-Сӣ, бемор чанд рӯз пеш аз Чин ба Лондон сафар кардааст. Ин аллакай нуҳумин ҳолати гирифторӣ ба вируси мазкур дар Бритониё аст. Коронавирус аллакай дар 50 кишвар паҳн шудааст.

Вазири амнияти Туркманистон аз мақом барканор шуд

Раҳбарони ниҳодҳои интизомии Туркманистон. Ноябри 2019. Акс аз бойгонӣ.

Вазири амнияти Туркманистон Яйлим Бердиев бо фармони президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз мақом барканор шуд.

Ба иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ, пеш аз барканорӣ рутбаи Бердиев аз генерал - полковник ба генерал - майор поин бурда шудааст. Манобеи радио мегӯянд, дар ин кишвар ба барканории мақомҳои баландпояи қудратиҳо омодагӣ дида мешавад.

Фармони барканории Вазири амнияти Туркманистон рӯзи панҷшанбе тариқи телевизионҳои давлатӣ хонда шудааст. Бино ба иттилои расмӣ, Бердиев гӯиё ба хотири гузаштан ба кори дигар аз мақомаш сабукдуш гардидааст. Вале дар бораи мансаби ояндаи ӯ чизе гуфта нашуд.

Президент Бердимуҳаммадов 22 январ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ Бердиевро ба хотири "роҳ додан ба камбудиҳо ҳангоми адои вазифаи хидматӣ" танбеҳи қатъӣ дода буд. Он рӯз рутбаи ӯ поин бурда шуда, аз шӯро ихроҷ шуд. Вазири дифои Туркманистон Бегенч Гундогдиев низ танбеҳ гирифта буд.

Чандин манбаъ гуфтанд, ки рӯзҳои наздик як қатор мақомҳои баландпояи қудратии Туркманистон аз мақом барканор хоҳанд шуд. Ин барканориҳо ба ислоҳоти конститутсионие рабт доранд, ки қарор аст, соли 2020 анҷом шавад ва ҳадафаш таъсиси порлумони дорои ду палата аст.

Қазоқистон ба ҷустуҷӯи нафт дар мамнуъгоҳ иҷозат дод

Ғарби Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Департаменти зистмуҳитии вилояти Қазоқистони Ғарбӣ ба гузаронидани корҳои иктишофӣ дар ҳудуди мамнуъгоҳи Кирсанов иҷозат дод. Сардори департамент Ербол Куанов рӯзи панҷшанбеи 13-уми феврал дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар ҳудуди минтақаи махсуси муҳофизатшаванда нафт ҷустуҷӯ хоҳад шуд. "Ҳоло ҷустуҷӯи нафт сурат нахоҳад гирифт. Мо иҷозатномаро додем, вале корҳои иктишофӣ имсол сурат намегиранд",-афзуд ӯ.

Дар мавриди эҳтимоли ҷустуҷӯи нафт дар мамнуъгоҳи Кирсанови Қазоқистон тирамоҳи соли гузашта хабар дода шуд. Корҳои иктишофиро ширкати "Урал Ойл энд Газ" анҷом медиҳад. Соли 2019 дар ҳудуди парваришгоҳ роҳ ва пулеро барои равуои нақлиёт бунёд карда буданд. Дар баррасиҳои ом сокинони маҳаллӣ аз ҷустуҷӯи нафт дар ҳудуди парваришгоҳ ҷонибдорӣ карданд, вале чандин шарт ҳам пеш гузоштанд, ки яке аз онҳо бунёди роҳҳо аст.

Ин мамнуъгоҳ соли 1967 дар Қазоқистони Ғарбӣ дар соҳили рӯдхонаи Урал ташкил шуда, дар он ҳайвонҳои нодир нигаҳдорӣ мешаванд.

Ёфтҳои бештар

Вазир дар бораи қазияи Нилуфар Раҷабова чӣ гуфт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Вазир дар бораи қазияи Нилуфар Раҷабова чӣ гуфт?
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Зиндониёни собиқ ҷойи кор меҷӯянду ба сахтӣ меёбанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00
XS
SM
MD
LG