Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза алайҳи мухаддирот


بهای سبد نفتی اوپک تا روز سه شنبه ۵۲.۲۴ دلار در هر بشکه بود که ۲.۵۳ دلار نسبت به روز دوشنبه کاهش داشت. (عکس:ITAR_TASS)
بهای سبد نفتی اوپک تا روز سه شنبه ۵۲.۲۴ دلار در هر بشکه بود که ۲.۵۳ دلار نسبت به روز دوشنبه کاهش داشت. (عکس:ITAR_TASS)

Кормандони Ожонсии мубориза бо маводди мухаддири вилояти Хатлон ахиран нисбат ба як нафар пизишки беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ, ки феълан аз ӯ ном бурда намешавад, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ба анҷом расонида, равонаи додгоҳ намудааст.

Эмомалӣ Раҳмонов, сардори ситоди ожонсии мазкур дар вилояти Хатлон, ба родиюи «Озодӣ» гуфт, ки ин пизишк тартиботи муқарраршудаи истифодаи маводди псхотиропиро вайрон кардааст ва дар хусуси ба кадом бемор масраф намудани ду шишадору маводди сахттаъсири психотропӣ ҳуҷҷате омода ва пешниҳод насохтааст.

Э. Раҳмонов ҳамчунин гуфт, мутобиқ ба қонуни муҷозотии кишвар, дар ҳолати аз 100 грамм кам будани миқдори чунин мавод, нисбат ба муҷримон парвандаҳои маъмурӣ боз карда мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, чанде пеш додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа нисбати як паҳнкунандаи миқдори ками ҳероин парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Гуфта мешавад, бо дар робита ба маводди мухаддир ворид кардани тағйирот ба қонуни муҷозотии кишвар теъдоди одамоне, ки ба тиҷорати хурди мухаддирот машғул буданд, дар ин вилоят хеле коҳиш ёфтааст.

Ин ҳам дар ҳолест, дар ҳоли ҳозир дар вилоят беш аз 1567 нафар нашъамандон ба сар мебаранд, ки 988 нафарашон бемор ва 572 нафар истеъмолкунандаи маводди мухаддир мебошад.

XS
SM
MD
LG