Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон нируҳои дарёӣ ташкил мекунад


Қазоқистон гуфтааст, ки мехоҳад нируҳои дарёии худро ташкил ва онҳоро дар Дарёи Хазар мустақар кунад, то онҳо соҳилҳои нафтхези Хазарро дар минтақаи Қазоқистон нигаҳбонӣ кунанд. Дониёл Аҳмадов-вазири дифоъи Қазоқистон ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, Руссия кишвари аслиии таъминкунандаи Қазоқистон бо аслиҳаву таҷҳизоти низомӣ, ба вижа бо таҷҳизоти дифоъи зидди ҳавопаймоҳо боқӣ хоҳад монд. Аҳмадов ҳамчунин гуфтааст, ки кишвараш дар ин замина бо Туркияву Исроил низ қарордодҳои низомӣ хоҳад баст.

XS
SM
MD
LG