Кондолизза Райс-вазири хориҷаи Амрико дастур додааст, ки назорат бар сарбозони қарордодӣ дар Ироқ тақвият ёбад. Вазорати хориҷа мегуяд, ба ин тадобир муқаррароти мушаххаси истифода аз нируҳо ва беҳбуди тамрини онҳо шомил мешавад. Ин дастур дар ҳоле содир шудааст, ки 17-уми сентябри соли ҷорӣ як сарбози қарордодии амниятии Амрико дар Бағдод тирандозӣ кард, ки дар натиҷа 17 нафар аз шаҳрвандони ироқӣ кушта шуданд. Вазорати хориҷаи Амрико мегуяд, дар оянда барои ҷалби сарбозони қарордодӣ ба корҳои амниятӣ бояд бо вазорати дифоъ ҳамоҳангӣ сурат бигирад.