Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқи духтарони тоҷик ба Иморот коҳиш ёфтааст


Вазорати умури дохила гуфт, мавориди қочоқи инсон бо ҳадафи ҷалби онон ба танфурӯшӣ дар хориҷи кишвар коҳиш ёфтааст.

Соли равон дар Тоҷикистон аз 13 ҳодисаи қочоқи духтарон ба хориҷи кишвар ҷилавгирӣ шудааст. Ба гуфтаи вазорати дохила, асосан ҷавондухтаронро бо ҳадафи истисмори ҷинсӣ ба Имороти Муттаҳидаи Араб мебурдаанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 18 нафарро, ки бо ҷалби духтарон ва ирсоли онҳо ба хориҷа машғул будаанд, боздошт кардааст, аммо бар асари эъломи афв дар моҳи июни имсол, ин афрод аз муҷозот эмин шуданд. Умуман, мавориди қочоқи духтарони тоҷик бо ҳадафи истисмори ҷинсӣ, назар ба як соли пеш 50 дар сад коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG