Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз низомиёни тоҷик ёрӣ мехоҳад


Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русия эълом кард, ки В. Путин Созишномаи истифодаи муштараки нируҳои низомии Федератсиюни Русия ва Тоҷикистонро барои тасвиб ба Думаи давлатӣ ирсол кард.

Кремл ҳамчунин хабар дод, Путин раиси Ситоди нируҳои мусаллаҳ- муовини аввали вазири дифоъ Юрий Балуевский ва муовини раиси Идораи марказии амалиётии Ситоди кулл Михаил Саутинро намояндаи вижаи худ ба ҳангоми расидагӣ ба Созишнома дар палатаҳои Маҷлиси федеролӣ таъин кард.

Созишномаи истифодаи муштараки нируи низомӣ байни Русия ва Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2006 дар шаҳри Брести Белорус ба имзо расидааст. Александр Пикаев - узви Шӯрои илмии маркази Карнегӣ бар ин назар аст, ки ҳузури артиши Русия дар Тоҷикистон зарур аст, зеро Тоҷикистон дар минтақаи бесубот ҷойгир аст ва ҳам Русия дар он ҷо манофеъи зиёди низомиву иқтисодӣ дорад.


Александр Пикаев бо ишора ба ҷанги шаҳрвандии солҳои навади Тоҷикистон таъкид кард, дар Тоҷикистон ҳануз ҳам нируҳои марказгурез мавҷуд ҳастанд ва дар ҳоли ташаннуҷи авзоъ ба гумон аст, ки артиши Тоҷикистон аз уҳдаи хунсо кардани он берун ояд.


Ба гуфтаи коршиноси низомӣ, дар асоси ин созишнома нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар чаҳорчуби Паймони амнияти муштарак дар хоки Русия дар амалиёти низомӣ метавонад ширкат намояд.

В.Путин ҳамчунин Созишномаи омузишу парвариши низомиёни кишварҳои узви Паймони амнияти муштарак дар Русияро ба Думаи давлатӣ барои тавсиб ирсол кард.

Владимир Гудков - узви Кумитаи амнияти Думаи давлатии Русия гуфт, дар Тоҷикистон ҳоло ҳам мушкилоти зиёди марзӣ ва кадрӣ ҳалношуда боқӣ мондааст. Ӯ гуфт, созишномаҳои пешниҳодшуда дархурди вазъанд ва аз суи ҳамаи фирқаҳои Думаи давлатӣ пазируфта хоҳанд шуд.

Дар созишнома муқаррар шудааст, ки тарбияи низомиёни кишварҳои узви Паймони амнияти муштарак дар Русия дар асоси қарордоди пардохти ҳазинаҳои таҳсил ва ё бо салоҳдиди ҷониби Русия бо саҳмияҳои боимтиёз ва ё ройгон анҷом мешавад.

XS
SM
MD
LG