Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари қирғиз сарқонунро имзо кард


Имрӯз бо имзои худ президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев Конститутсияи нави ин кишварро имзо кард. Чанд дақиқа пеш аз он комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон изҳор намуд, ки 21 октябр дар назархоҳии умумимардумӣ лоиҳаи қонуни асосии нав аз тарафи овоздиҳандагон дастгирӣ ёфтааст. Баъди имзои сарқонуни нав президент Боқиев иттилоъ дод, ки интихоботи пеш аз мӯҳлати парламентии Қирғизистон дар таърихи 16 декабр доир мешавад. Рӯзи душанбе Боқиев парламенти пештараи Қирғизистонро пароканда карда буд.

XS
SM
MD
LG